https://sputnik.tj/20240223/tojikiston-tahsilot-miyona-hatmi-1061821282.html
Дар Тоҷикистон таҳсилоти миёна ҳатмӣ шуд
Дар Тоҷикистон таҳсилоти миёна ҳатмӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан мактаббачагон дар Тоҷикистон пас аз хатми синфи 9 ва гирифтани маълумоти миёнаи нопурра метавонистанд таҳсилро қатъ кунанд, аммо минбаъ чунин намешавад
2024-02-23T17:33+0500
2024-02-23T17:33+0500
2024-02-23T17:33+0500
дар тоҷикистон
таҳсил
маориф
вазорати маорифу илми тоҷикистон
парлумони тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102779/51/1027795131_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_14be220ee59cbb054fb86415d24a87a2.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд таҳсилоти ҳатмии миёна ҷорӣ карда мешавад. Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи маориф"-ро қабул карданд, хабар медиҳад рӯзномаи "Садои мардум". Ҳуҷҷат барои ҳамаи шаҳрвандон таҳсилоти ҳатмии миёнаро пешбинӣ мекунад. Интизор меравад, ки хонанда ё синфи 11-ро хатм кунад ё дар коллеҷ ё техникум таҳсил кунад.Ҳамин тавр, баъди хатми синфи 9 бо маълумоти умумии асосӣ мактабро тарк кардан ва хонданро давом надодан имконнопазир мегардад. Қаблан мактаббачагон дар Тоҷикистон пас аз хатми синфи 9, бо гирифтани маълумоти миёнаи нопурра метавонистанд таҳсилро қатъ кунанд.Вазири маориф ва илми кишвар Ращим Саидзода дар шарҳи ин тағйирот гуфт, ки ҳадафи он шароит фароҳам меорад, ки раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандон таъмин гардад.Ӯ гуфт, ки ин иқдом аз сӯйи ба фарогирии таҳсил мусоидат кунад, аз ҷониби дигар ба коҳиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон сабаб мешавад. Тибқи омори овардаи вай дар ҷумҳурӣ соли 2023-юм аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо (79,1 фоиз) ноболиғоне мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон барномаи арзёбии дониш аз 10-баллӣ ҷорӣ карданиянд. Таҷриба аллакай дар 140 муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад. Дар сурати мусбӣ будани натиҷаҳо ин низом дар тамоми мактабҳои кишвар ҷорӣ хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20240212/sharoit-tahsil-zabon-rusi-tojikiston-tasvirbayon-1061669131.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102779/51/1027795131_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_6871b4cdd89960cd6c9ca33915e161be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон таҳсилот миёна ҳатмӣ
тоҷикистон таҳсилот миёна ҳатмӣ
Дар Тоҷикистон таҳсилоти миёна ҳатмӣ шуд
Қаблан мактаббачагон дар Тоҷикистон пас аз хатми синфи 9 ва гирифтани маълумоти миёнаи нопурра метавонистанд таҳсилро қатъ кунанд, аммо минбаъ чунин намешавад
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд таҳсилоти ҳатмии миёна ҷорӣ карда мешавад.
Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи маориф"-ро қабул карданд, хабар медиҳад рӯзномаи "Садои мардум".
Ҳуҷҷат барои ҳамаи шаҳрвандон таҳсилоти ҳатмии миёнаро пешбинӣ мекунад. Интизор меравад, ки хонанда ё синфи 11-ро хатм кунад ё дар коллеҷ ё техникум таҳсил кунад.
Ҳамин тавр, баъди хатми синфи 9 бо маълумоти умумии асосӣ мактабро тарк кардан ва хонданро давом надодан имконнопазир мегардад.
"Таҳсил дар синфҳои 10-11 дар мактаб (таълимоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ шуд ва дар сурате, ки муҳассит нахоҳанд ин зинаҳоро давом диҳад метавонанд таҳсилро дар коллеҷу техникумҳо идома диҳанд", - омадааст дар паём.
Қаблан мактаббачагон дар Тоҷикистон пас аз хатми синфи 9, бо гирифтани маълумоти миёнаи нопурра метавонистанд таҳсилро қатъ кунанд.
Вазири маориф ва илми кишвар Ращим Саидзода дар шарҳи ин тағйирот гуфт, ки ҳадафи он шароит фароҳам меорад, ки раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандон таъмин гардад.
Ӯ гуфт, ки ин иқдом аз сӯйи ба фарогирии таҳсил мусоидат кунад, аз ҷониби дигар ба коҳиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон сабаб мешавад.
Тибқи омори овардаи вай дар ҷумҳурӣ соли 2023-юм аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо (79,1 фоиз) ноболиғоне мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон барномаи арзёбии дониш аз 10-баллӣ ҷорӣ карданиянд.
Таҷриба аллакай дар 140 муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад. Дар сурати мусбӣ будани натиҷаҳо ин низом дар тамоми мактабҳои кишвар ҷорӣ хоҳад шуд.