https://sputnik.tj/20240223/rahmon-nizomiyon-tabrik-ruzho-sangin-tasis-artish-1061817381.html
Раҳмон низомиёнро табрик карду аз рӯзҳои сангини таъсиси артиш гуфт
Раҳмон низомиёнро табрик карду аз рӯзҳои сангини таъсиси артиш гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон ба ҳайати фармондеҳон таъкид, ки талаботи ойинномаҳои ҳарбиро қатъӣ риоя ва ба сатҳи баланди омодабошии қисму воҳидҳо ҷиддӣ аҳамият диҳанд
2024-02-23T10:36+0500
2024-02-23T10:36+0500
2024-02-23T10:37+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ
қувваҳои мусаллаҳи ҷт
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/12/1026791235_0:0:2400:1350_1920x0_80_0_0_c078e8d2cc03420a8f42b17af9f6c18d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик кард.Ӯ дар паёмаш аз ҷоннисориҳои тамоми низомиён барои ҳифзи давлату миллат ва сохтори конститутсионӣ таъкид карда, ҳамчунин аз рӯзҳои сангини таъсиси артиши кишвар ёдовар шуд.Вай мегӯяд, Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебоист аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсис мешуд, аммо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин равандро ақиб зад.Ба гуфтаи сарвари давлат, зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.Президенти Тоҷикистон дар идома аз шиддати буҳрони сиёсӣ дар ҷаҳон, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави "ҷанги сард", таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ гуфт."Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад",- гуфт мавсуф.Дар чунин шароит ба таъкиди раисҷумҳур ҳар як шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии ҚМ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хост, ки доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ дар қисму воҳидҳо, омода намудани мутахассисони ҳарбии дорои сатҳи баланди касбият, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аҳамият диҳанд.Дар фарҷом вай ба тамоми роҳбарон ва ҳайати фармондеҳӣ такроран таъкид, ки ба риояи қатъии талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот, волоияти қонун ва сатҳи баланди омодабошии қисму воҳидҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
https://sputnik.tj/20240223/qobiliyati-mudofiavii-tojikiston-bo-rusiya-taqviyat-1061813780.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/12/1026791235_192:0:2315:1592_1920x0_80_0_0_5ff987cc81eb22dd15cb97fa53caff35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон низомиён табрик рӯзҳои сангин таъсиси артиш
раҳмон низомиён табрик рӯзҳои сангин таъсиси артиш
Раҳмон низомиёнро табрик карду аз рӯзҳои сангини таъсиси артиш гуфт
10:36 23.02.2024 (Навсозишуда: 10:37 23.02.2024) Кишвардори Тоҷикистон ба ҳайати фармондеҳон таъкид, ки талаботи ойинномаҳои ҳарбиро қатъӣ риоя ва ба сатҳи баланди омодабошии қисму воҳидҳо ҷиддӣ аҳамият диҳанд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик кард.
Ӯ дар паёмаш аз ҷоннисориҳои тамоми низомиён барои ҳифзи давлату миллат ва сохтори конститутсионӣ таъкид карда, ҳамчунин аз рӯзҳои сангини таъсиси артиши кишвар ёдовар шуд.
Вай мегӯяд, Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебоист аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсис мешуд, аммо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин равандро ақиб зад.
"Вале мо, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявии он рӯзҳо, Артиши миллиро амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем ва сипас ба ташкили қисму воҳидҳои махсус, омодасозии мутахассисони низомӣ ва бо техникаву таҷҳизот таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи худ оғоз намудем",- таъкид кардааст Раҳмон.
Ба гуфтаи сарвари давлат, зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.
Президенти Тоҷикистон дар идома аз шиддати буҳрони сиёсӣ дар ҷаҳон, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави "ҷанги сард", таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ гуфт.
"Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад",- гуфт мавсуф.
Дар чунин шароит ба таъкиди раисҷумҳур ҳар як шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии ҚМ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хост, ки доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ дар қисму воҳидҳо, омода намудани мутахассисони ҳарбии дорои сатҳи баланди касбият, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аҳамият диҳанд.
Дар фарҷом вай ба тамоми роҳбарон ва ҳайати фармондеҳӣ такроран таъкид, ки ба риояи қатъии талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот, волоияти қонун ва сатҳи баланди омодабошии қисму воҳидҳо эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.