Дар Тоҷикистон заминларзаи сахт рух дод

Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ то ҳол дар бораи талафот ва хисороти моддӣ изҳори назар накардааст
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон боз як заминларза ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷунбӣ ноҳияи Мурғоб буда, шиддати ларзиш ба 4,8 дараҷа расидааст.
Манбаъ меафзояд, офати табиӣ соати 10:49 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар умқи 15 км рух дод.
Дар ҳамин ҳол Ҳоло маълумот дар мавриди хисороти ин ҳодиса рӯи даст нест.
Мужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2024
Чаро зилзила бештар шабона ба амал меояд: посухи мутахассис
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ то ҳол дар бораи талафот ва хисороти моддӣ изҳори назар накардааст.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.
Лентаи хабарҳо
0