Баъди саргардониҳо: Муроҷиати мақомот ба тоҷикистониҳое, ки бо автобус ба Русия мераванд

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтобусный вокзал Asian Express Terminal, архивное фото
Автобусный вокзал Asian Express Terminal, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2024
Обуна шудан
Дар пасманзари ҳолатҳои дармонии бархе аз автобусҳои мусофирбар дар роҳ ба сӯи Русия ва саргардонии тоҷикистониҳо мақомоти кишвар муроҷиатнома нашр кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ, ки иҷозатнома доранд ва бо ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд, истифода баранд.
Ин муроҷиат дар пасманзари ҳолатҳои дармондани бархе аз автобусҳои мусофирбар дар роҳ ба сӯи Русия ва саргардонии тоҷикистониҳо аз ҷумла дар ҳудуди Қазоқистон нашр гардид.
Выставка Душанбе-инвест - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2024
Худиву тавоно: дар Душанбе 30 автобуси нави барқии ватанӣ муаррифӣ шуд
Дар муроҷиатнома Вазорати нақлиёт аз мусофироне, ки нияти сафар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия доранд, даъват кард, ки чиптаҳоро дар терминалҳои мусофирбарӣ танҳо аз ширкатҳои нақлиётие, ки иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро доранд, харидорӣ кунанд.
Зикр гардидаст, ки ҳоло дар бозори байналмилалии мусофиркашонӣ соҳибони автобусҳое, ки иҷозати дахлдор надоранд, хизматрасониҳои худро пешниҳод менамоянд.

"Дар натиҷа, вақте мусофир берун аз кишвар ба сафар мебарояд, вай якчанд сарҳадро убур мекунад ва агар ронанда ҳуҷҷатҳои дахлдор надошта бошад, табиист, ки метавонад мушкилот пеш ояд", - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин зикр гардидаст, ки ҳолатҳое рух медиҳанд, ки воситаи нақлиёт дар роҳ аз кор мемонад ва мусофирон миёни дашту саҳрои беодам танҳо мемонанд ва намедонанд ба кӣ муроҷиат кунанд.
Мақомот таъкид кардаанд, ширкатҳои нақлиётии кишвар, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон иҷозатномаи расмӣ доранд, хизматрасонии худро бо сифат ва мутобики талаботи қонунгузорӣ ба ҷо моранд.
Лентаи хабарҳо
0