https://sputnik.tj/20240118/dar-dushanbe-30-avtobusi-navi-elektriki-muarrifi-shud-1061315621.html
Худиву тавоно: дар Душанбе 30 автобуси нави барқии ватанӣ муаррифӣ шуд
Худиву тавоно: дар Душанбе 30 автобуси нави барқии ватанӣ муаррифӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Автобусҳои электрикии тамғаи "Акия НЕРУ" дар корхонаи муштараки тоҷикии “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон истеҳсол мешаванд
2024-01-18T12:50+0500
2024-01-18T12:50+0500
2024-01-18T13:00+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
душанбе
автобус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059677829_0:225:2730:1762_1920x0_80_0_0_5b2ec499b1e66a817ceed800421fb099.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Душанбе 30 автобуси нави барқӣ муаррифӣ шуд. Дар ин бора шаҳрдории пойтахт менависад, ки дар ин маросим раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ширкат кардааст. Таъкид мешавад, ки автобусҳои барқии тамғаи "Akiya NERU" дар корхонаи муштараки тоҷикии "Akia Avesto Automatic Industry" истеҳсол мешаванд. Илова бар ин, омили муҳим он аст, ки ин навъи нақлиёт, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсолу васл карда мешавад ва ба стандартҳои аврупоӣ пурра мувофиқат мекунад.Истеҳсолии силсилавӣ автобусҳои барқӣ аввалин бор дар Тоҷикистон аст.Дар бораи вижагиҳои нақлиёт гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВ соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати он то 300 км дар соат аст.Кафолати батареяҳо ва дигар қисматзҳои дигар он 600 ҳазор км ва ё ҳашт сол буда, ғунҷоиши умумии мусофир 100 нафарро ташкил медиҳад.Ёдовар мешавем, ки дар баҳори соли 2023 мақомоти Тоҷикистон дар бораи густариши истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар ҳарф зада буданд. Ҳамин тариқ, дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки дар кишвар қонуне таҳия шудааст, ки ҳангоми воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст. Ахиран Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумон бо ҳамкасбонаш дар мавриди тавлиди муштараки мошинҳои барқӣ ба мувофиқа расида буд.
https://sputnik.tj/20231010/rustam-emomali-khostor-moshin-barqi-1059889525.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059677829_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_9841c6cd8e278f40ff9d7a968d7b9af4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе автобус электрикӣ муаррифӣ
душанбе автобус электрикӣ муаррифӣ
Худиву тавоно: дар Душанбе 30 автобуси нави барқии ватанӣ муаррифӣ шуд
12:50 18.01.2024 (Навсозишуда: 13:00 18.01.2024) Автобусҳои барқии тамғаи "Акия НЕРУ" дар корхонаи муштараки тоҷикии “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон истеҳсол мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Душанбе 30 автобуси нави барқӣ муаррифӣ шуд.
Дар ин бора шаҳрдории пойтахт менависад, ки дар ин маросим раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ширкат кардааст.
Таъкид мешавад, ки автобусҳои барқии тамғаи "Akiya NERU" дар корхонаи муштараки тоҷикии "Akia Avesto Automatic Industry" истеҳсол мешаванд.
"Дар рафти шиносоӣ Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли автобусҳои электрикӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод", - гуфтанд дар шаҳрдории Душанбе.
Илова бар ин, омили муҳим он аст, ки ин навъи нақлиёт, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсолу васл карда мешавад ва ба стандартҳои аврупоӣ пурра мувофиқат мекунад.
Истеҳсолии силсилавӣ автобусҳои барқӣ аввалин бор дар Тоҷикистон аст.
Дар бораи вижагиҳои нақлиёт гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВ соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати он то 300 км дар соат аст.
Кафолати батареяҳо ва дигар қисматзҳои дигар он 600 ҳазор км ва ё ҳашт сол буда, ғунҷоиши умумии мусофир 100 нафарро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар баҳори соли 2023 мақомоти Тоҷикистон дар бораи густариши истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар ҳарф зада буданд.
Ҳамин тариқ, дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки дар кишвар қонуне таҳия шудааст, ки ҳангоми воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Ахиран Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумон бо ҳамкасбонаш дар мавриди тавлиди муштараки мошинҳои барқӣ ба мувофиқа расида буд.