Дар Суғд нашъаҷаллобоне дастгир шуданд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ харидуфурӯш мекарданд

© AP / UncreditedПакеты с наркотиками
Пакеты с наркотиками - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Обуна шудан
Мақомоти тоҷик дар вилояти Суғд гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои Тоҷикистон нодир- яъне харидуфурӯш тариқи интернетро ошкор кардаанд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Мақомоти мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд аз боздошти гурӯҳҳои нашъаҷаллобе хабар доданд, ки дар фаъолияти ҷиноӣ аз фазои интернет истифода кардаанд.
Гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб дар ҳудуди вилоят бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ва бидуни рӯ ба рӯ муомилоти маводи мухаддирро савдо карда, қасди интиқол додани он ба кишвари ҳамсояро низ доштаанд.
Тавре аз Раёсати АНМН дар вилоят ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ин гурӯҳ зимни амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ошкор ва нашъаҷаллобон дастгир карда шудаанд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, давоми як соли охир чаҳор гурӯҳи нашъаҷаллоб иборат аз 9 нафар дастгир шудаанд, ки барои пинҳон доштани амали ҷиноии худ аз шабакаҳои WhatsApp ва Viber истифода кардаанд.
“Дастгиршудагон иқрор намуданд, ки тавассути шабакаҳои интернет харидуфурӯши маводи мухаддирро роҳандозӣ кардаанд, вале ин амали номатлуби онҳо ошкор, маводи мухаддир мусодира ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шуд” – гуфтанд мақомот манбаъ.
Бино ба иттилоъи ин ниҳод давоми як соли охир содиршавии 136 ҷинояти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор карда шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба соли 2022, 8 ҷиноят бештар будааст.
Соли 2023 беш аз 451 кило маводи нашъаовар аз ҷумла 71 кг навъи героин, 9,2 кг афюн, 337,4 кг ҳашиш ва беш аз 29 кг бангдона ва маводи психотропӣ ошкор ва мусодира карда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 49, 4 % зиёд гуфта мешавад.
Опийный мак в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
“Баҳсҳои тарёк”: Тоҷикистон аз афзойиш, СММ аз коҳиш мегӯяд
Дар соли 2022, 302, 1 кг навъҳои гуногуни маводи мухаддир мусодира карда шуда буд.
Қаблан Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли 2023 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар умум аз муомилоти ғайриқонунӣ қариби 5,3 тон маводи нашъаовар мусодира кардаанд, ки дар қиёс бо соли 2022 қариби 300 кило зиёд аст.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Зафар Самад, дар шарҳи ин мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зиёда аз 2,7 тон аз ин ҳаҷмро мақомоти қудратии Тоҷикистон дар навоҳии ҳамсарҳад бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира кардаанд, ки беш аз 56 % мусодираи умумӣ дар кишварро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0