Дар ИИАО озмуни "Рамзҳои ҳамгироии АвруОсиё" оғоз шуд

Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Обуна шудан
Иштирокчиёни озмун - ташкилотҳои тиҷориву ғайритиҷоратӣ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳо, шахсони воқеӣ метавонанд, ки лоиҳаҳо ва ғояҳои амалӣ пешкаш кунанд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Оҷонси ташаббусҳои стратегӣ аз оғози қабули дархостҳо барои озмуни лоиҳаҳои муштараки бузурги технологӣ ва башардӯстона "Рамзҳои ҳамгироии Авруосиё" хабар доданд.
Дархостҳоро аз 19 феврал то 30 апрел ба вебсайти расмии озмун пешниҳод кардан мумкин аст.
Тибқи иттилои КИАО, озмун ба дарёфти лоиҳаҳои нав, аз ҷиҳати технологӣ ва рақобатпазир нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо бо иштироки намояндагони якчанд давлатҳои ИИАО сурат гирифта, таъсири назарраси иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва технологӣ фароҳам меорад.
Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2024
Таваррум дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар моҳи январи соли 2024 суръат гирифт
Иштирокчиёни озмун метавонанд ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳо ва шахсони воқеӣ бошанд.
Дархостҳо дар ҳашт категория қабул карда мешаванд:
технологияи соҳаҳои асосии саноат (технологияҳои нави саноати истихроҷ, коркард, хоҷагии қишлок);
иқтидори транзитӣ (роҳалҳои ҳамлу нақл, нақлиёт, инфрасохтор);
истиқлоли технологӣ (асбобсозӣ, дастгоҳсозӣ, микроэлектроника, технологияи химия ва металлурги, алоқа, электротехника, саноати автомобилсозӣ, киштисозӣ);
роҳалҳои платформаи рақамӣ (бехатарии иттилоот);
сохтори нави технологӣ (робототехника, нанотехнология, биотехнология, ТИК, муҳандисии генетикӣ, технологияи кайҳонӣ);
сармояи инсонӣ (илм ва маориф, телетиб, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш);
Туризми Авруосиё (саноати меҳмондорӣ, ҳалли ҳамгирошудаи сайёҳӣ, харитаҳои туристӣ);
фарогирии молиявӣ (роҳалҳои муосири барои ироаи хадамоти молиявӣ, таъмини пардохтҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо, баланд бардоштани амнияти онҳо).
Лоиҳаҳо дар марҳилаҳои гуногун метавонанд дар озмун иштирок кунанд - аз консепсия то татбиқ.
Дар пайи натиҷагирӣ аз озмун, ғолибон дар поёни семоҳаи дуюми соли 2024 дар чаҳорчӯби Форуми иқтисодии Авруосиё мукофотонида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0