https://sputnik.tj/20240219/tavarrum-qalamravi-kishvarhoi-iiao-1061776607.html
Таваррум дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар моҳи январи соли 2024 суръат гирифт
Таваррум дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар моҳи январи соли 2024 суръат гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Аз оғози соли равон сатҳи таваррум дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суръат гирифтааст. Болоравии тақрибан дар ҳамаи кишварҳои узв дида мешавад
2024-02-19T18:36+0500
2024-02-19T18:36+0500
2024-02-19T18:36+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ииао
болоравӣ
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:23:1401:811_1920x0_80_0_0_50285874321bcb863db0b12c8f12a8e6.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Моҳи январи соли 2024 дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё болоравии нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳоро нисбат ба моҳи декабри соли гузашта ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст портали молиявии "Акчабар".Афзоиши нархҳо ба хусус дар Қирғизистон, ки мизони таваррум 0,2%-ро ташкил дод ба қайд гирифта шуд.Ҳамчунин дар ин кишвар ба болоравии нарх асосан болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ 0,4% таъсир расонд.Сатҳи баландтарини таваррум дар моҳи январи соли 2024 нисбат ба моҳи январи соли 2023 дар Қазоқистон – 9,5% ба қайд гирифта шудааст, ки дар он нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку 8,2 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 12,3 фоиз боло рафтаанд.Афзоиши зиёди нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон – 8,6% ба қайд гирифта шудааст.Тибқи омори расмӣ, дар моҳи январи соли 2024 нисбат ба моҳи гузашта болоравии нархҳо ҳам ба маҳсулоти ғизоӣ, ҳам ғайриозуқа ва ҳам ба хизматрасониҳо дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъсир расонидааст.Дар Арманистон нархҳо 1,2%, Беларус ва Қазоқистон 0,8% ва дар Русия 0,9% боло рафтаанд.
https://sputnik.tj/20240218/rusiya-istifoda-puli-milli-iiao-1061749533.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:0:1213:909_1920x0_80_0_0_4467f03c6a72071b22734f6b47a62c08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао, таваррум, иқтисод, авруосиё, болоравӣ
тоҷикистон, ииао, таваррум, иқтисод, авруосиё, болоравӣ
Таваррум дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар моҳи январи соли 2024 суръат гирифт
Аз оғози соли равон сатҳи таваррум дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суръат гирифтааст. Болоравӣ тақрибан дар ҳамаи кишварҳои узв дида мешавад
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Моҳи январи соли 2024 дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё болоравии нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳоро нисбат ба моҳи декабри соли гузашта ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст портали молиявии
"Акчабар".
Афзоиши нархҳо ба хусус дар Қирғизистон, ки мизони таваррум 0,2%-ро ташкил дод ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин дар ин кишвар ба болоравии нарх асосан болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ 0,4% таъсир расонд.
Сатҳи баландтарини таваррум дар моҳи январи соли 2024 нисбат ба моҳи январи соли 2023 дар Қазоқистон – 9,5% ба қайд гирифта шудааст, ки дар он нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку 8,2 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 12,3 фоиз боло рафтаанд.
Афзоиши зиёди нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон – 8,6% ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи омори расмӣ, дар моҳи январи соли 2024 нисбат ба моҳи гузашта болоравии нархҳо ҳам ба маҳсулоти ғизоӣ, ҳам ғайриозуқа ва ҳам ба хизматрасониҳо дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъсир расонидааст.
Дар Арманистон нархҳо 1,2%, Беларус ва Қазоқистон 0,8% ва дар Русия 0,9% боло рафтаанд.