https://sputnik.tj/20231016/prezident-tojikiston-sudya-sughd-vazifa-1059976698.html
Президенти Тоҷикистон судяҳо дар Суғдро аз вазифа озод кард
Президенти Тоҷикистон судяҳо дар Суғдро аз вазифа озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар мақомоти додгоҳии шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши низомӣ бо фармони президенти кишвар тағйироти кадрӣ амалӣ шуд
2023-10-16T14:58+0500
2023-10-16T14:58+0500
2023-10-16T14:58+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
фармон
додрас
қарори додгоҳ
судяҳо
барканор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102121/30/1021213008_0:18:3073:1746_1920x0_80_0_0_91074781e1054b3ef4a39cc0d8a4ec83.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон се додрасро аз мақомашон озод кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сабаби озод шудани судяҳо аз мақоми ишғолнамудаашон расидан ба синни ниҳоии кор дар вазифаи додрас мебошад. Бар асоси фармон, аз ҷумла Исмоил Раҳматзода аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Суғд озод шуд. Ҳамчунин Усмонзода Одилбой Очилбой аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Усмонзода Шоғуфрон аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод гардиданд. Дар Тоҷикистон додрасҳо ба вазифа бо фармони президенти кишвар таъйину барканор мегарданд. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки додрасҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба далели даст задан ба фасодкорӣ аз мақомашон барканор карда мешавад. Пештар президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо додрасҳои навтаъйин аз онҳо баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат талаб кардааст.
https://sputnik.tj/20230816/rais-sud-tayini-jazo-dollar-pora-1058861988.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102121/30/1021213008_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_eaf1b4d3fb3c571a932998f93a2b36ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барканор, суғд, додрас, додгоҳ, фармон, президент
барканор, суғд, додрас, додгоҳ, фармон, президент
Президенти Тоҷикистон судяҳо дар Суғдро аз вазифа озод кард
Дар мақомоти додгоҳии шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши низомӣ бо фармони президенти кишвар тағйироти кадрӣ амалӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон се додрасро аз мақомашон озод кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сабаби озод шудани судяҳо аз мақоми ишғолнамудаашон расидан ба синни ниҳоии кор дар вазифаи додрас мебошад.
Бар асоси фармон, аз ҷумла Исмоил Раҳматзода аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Суғд озод шуд.
Ҳамчунин Усмонзода Одилбой Очилбой аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Усмонзода Шоғуфрон аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод гардиданд.
Дар Тоҷикистон додрасҳо ба вазифа бо фармони президенти кишвар таъйину барканор мегарданд.
Ҳолатҳое ҷой доранд, ки додрасҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба далели даст задан ба фасодкорӣ аз мақомашон барканор карда мешавад.
Пештар президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо додрасҳои навтаъйин аз онҳо баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат талаб кардааст.