https://sputnik.tj/20240219/kashfi-sigor-kochoqii-tojikiston-marzi-uzbekiston-1061777676.html
Кашфи сигорҳои кочоқии Тоҷикистон ба миллиардҳо сум дар марзи Ӯзбекистон
Кашфи сигорҳои кочоқии Тоҷикистон ба миллиардҳо сум дар марзи Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони гумруки Ҷуҳурии Ӯзбекистон ба маблаги 10 млрд сум сигорҳои қочоқиро дар қатораи Тоҷикистон ошкору мусодира карданд
2024-02-19T20:01+0500
2024-02-19T20:01+0500
2024-02-20T11:50+0500
дар тоҷикистон
қочоқ
ӯзбекистон
қатора
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102552/67/1025526710_0:51:1000:614_1920x0_80_0_0_bf945a37b005132ef6d86fc467e7c7d9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Кормандони гумрук дар Сурхондарё як бастаи бузурги сигорҳои бе тамғаи аксизиро кашф карданд, ки арзиши умумии онҳо беш аз 10 миллиард сӯмро ташкил медодааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Podrobno.uz”.Ба иттилои манбаъ, кормандони идораи гумруки вилояти Сурхондарё воридоти ғайриқонунии сигорро ба маблағи миллиардҳо сум аз вагони қаторае, ки аз Тоҷикистон тавассути хоки Ӯзбакистон транзит мерафт. кашфу боздошт шуд.Ҳамин тариқ, дар натиҷаи скан кардани яке аз вагонҳои қатора, ки аз Тоҷикистон вориди Ӯзбекистон шуда буд, дар постгоҳи гумрукии сарҳадии роҳи оҳани "Сариосиё" боре ошкор шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ зикр нашудаанд.Аз байни қутиҳои чангкашак, мошини ҷомашӯӣ ва халтаҳои шири хушк кормандони гумрук 402 ҳазор қуттӣ сигорҳои “Esse Change” ёфтанд, ки арзиши умумии он 10,5 млрд сумро ташкил медиҳад.Дар ҳоли ҳозир мақомоти гумрукӣ дар мавриди қочоқи як бастаи бузурги сигор таҳқиқ доранд.Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи феврал Прокуратураи генералӣ дар вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах се ҳолати тиҷорати қалбакӣ ва сигорҳои бебоҷи аксизиро ошкор карда буд.Пештар кормандони гумрук воридоти моли декларатсиянашударо ба маблағи қариб 4 млрд сӯм, аз ҷумла як силсила сигорҳои электрониро кашф карда буданд.
https://sputnik.tj/20220602/janjol-toshiev-madumarov-bahs-qochoq-tojikiston-1048880297.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102552/67/1025526710_57:0:944:665_1920x0_80_0_0_fb650119a84ddb231a318a4a0c11a6e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, қочоқ, сигор, миллиард, сум, марз, қатора
тоҷикистон, ӯзбекистон, қочоқ, сигор, миллиард, сум, марз, қатора
Кашфи сигорҳои кочоқии Тоҷикистон ба миллиардҳо сум дар марзи Ӯзбекистон
20:01 19.02.2024 (Навсозишуда: 11:50 20.02.2024) Кормандони гумруки Ҷуҳурии Ӯзбекистон ба маблаги 10 млрд сум сигорҳои қочоқиро дар қатораи Тоҷикистон ошкору мусодира карданд
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Кормандони гумрук дар Сурхондарё як бастаи бузурги сигорҳои бе тамғаи аксизиро кашф карданд, ки арзиши умумии онҳо беш аз 10 миллиард сӯмро ташкил медодааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Podrobno.uz”.
Ба иттилои манбаъ, кормандони идораи гумруки вилояти Сурхондарё воридоти ғайриқонунии сигорро ба маблағи миллиардҳо сум аз вагони қаторае, ки аз Тоҷикистон тавассути хоки Ӯзбакистон транзит мерафт. кашфу боздошт шуд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи скан кардани яке аз вагонҳои қатора, ки аз Тоҷикистон вориди Ӯзбекистон шуда буд, дар постгоҳи гумрукии сарҳадии роҳи оҳани "Сариосиё" боре ошкор шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ зикр нашудаанд.
Аз байни қутиҳои чангкашак, мошини ҷомашӯӣ ва халтаҳои шири хушк кормандони гумрук 402 ҳазор қуттӣ сигорҳои “Esse Change” ёфтанд, ки арзиши умумии он 10,5 млрд сумро ташкил медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир мақомоти гумрукӣ дар мавриди қочоқи як бастаи бузурги сигор таҳқиқ доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи феврал Прокуратураи генералӣ дар вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах се ҳолати тиҷорати қалбакӣ ва сигорҳои бебоҷи аксизиро ошкор карда буд.
Пештар кормандони гумрук воридоти моли декларатсиянашударо ба маблағи қариб 4 млрд сӯм, аз ҷумла як силсила сигорҳои электрониро кашф карда буданд.