https://sputnik.tj/20220602/janjol-toshiev-madumarov-bahs-qochoq-tojikiston-1048880297.html
"Дастатро мешиканам": ҷанҷоли Тошиев бо Мадумаров зимни баҳси қочоқ ба Тоҷикистон
"Дастатро мешиканам": ҷанҷоли Тошиев бо Мадумаров зимни баҳси қочоқ ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари КДАМ вакили қирғизро ба он муттаҳам кард, ки бо дастгирии гурӯҳҳои муайян мехоҳанд боз вазъияти Қирғизистонро ноамн кунанд 02.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-02T17:20+0500
2022-06-02T17:20+0500
2022-06-02T18:31+0500
осиёи марказӣ
қирғизистон
қамчибек тошиев
марз
вакил
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039147957_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_4a6f0247464a06f35e0de2e0c9f78926.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон миёни раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев ва раҳбари фраксияи "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров ҷанҷоли лафзӣ сар зад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.Ба иттилои манбаъ, Тошиев дар ҷаласаи мазкур аз мубориза алайҳи кочоқ дар марз бо Тоҷикистон гузориш дод.Дар рафти суханронӣ роҳбари КДАМ аз вакилон гиламандӣ кард, ки онҳо кори мақомоти амниятиро зери шубҳа қарор медиҳанд ва "дар нисбаташон ҳар гуна гапҳои нораво мезананд".Ӯ аз ҷумла аз "туҳмат"-и Мадумаров изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки номбурда дар маъракаҳо кормандони амниятро "хунхӯрон"-и мардум мегӯяд ва онҳоро ба он муттаҳам мекунад, ки гӯё ризқи мардумро мехӯранд.Пас аз ин суханон Мадумаров аз ҷо бархоста, бо вуҷуди фаъол набудани баландгӯ бо имову ишора ба изҳороти Тошиев посух дод, вале овози ӯро на ҳама шуниданд.Ҳарчанд Мадумаров талаб кард, ки ба ӯ низ вақт барои сухан гуфтан аз минбар ҷудо кунанд, вале вакилон якдилона пешниҳоди ӯро рад карданд.Бо вуҷуди ин Sputnik Қирғизистон баҳси лафзии Тошиев ва Мадумаровро дар сомонааш ҷо додааст. Зикр гардид, ки дар ҷараёни баҳси лафзӣ Тошиев таҳдид намудааст, ки дасти вакили даъвогарро мешиканад ва ӯро "нобуд" мекунад.Тошиев изҳор доштааст, ки агар дар вазифаи прокурор мебуд, кайҳо Мадумаровро паси панҷара равон мекард. Роҳбари фраксияи "Бутун Қирғизистон" бошад, Тошиевро таъна задааст, ки барои барпо кардани табаддулоти давлатӣ аз болои девори Кохи сафед ҷаҳида буд. Ӯ аз ҷумла гуфт, "табаддулотро шумо кардед ва барои ҳама кор бояд ҷавоб диҳед".Қаблан Тошиев мақомоти гумруки Қирғизистонро ҳушдор дода буд, ки аз содироти маҳсулот ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд."Ягон кило шакар, орд ва як литр рӯған набояд гузарад. Ҳоло дар ҳамсояҳои мо мушкили норасоии ғизост ва нарх яку ним баробар гаронтар аз мост ва аз ин рӯ кӯшиш мекунанд, аз мо бигиранд. Кормандони худро ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода кунед, то маҳсулот берун набарояд",- гуфта буд Тошиев.Маврид ба зикр аст, ки марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз ҳаводиси моҳи майи соли 2021 баста шуд.Ҳоло додугирифт ва равуо миёни кишварҳо сурат намегирад.Ҷониби Қирғизистон гуфт, то ҳалли масоили марзӣ сарҳадашро баста боқӣ мегузорад.
https://sputnik.tj/20220324/tashiev-dastur-qochoq-mol-tojikiston-peshgiri-1047034975.html
https://sputnik.tj/20220601/ki-ikhtilofot-tojikistonu-qirghiziston-1048862255.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039147957_102:0:823:541_1920x0_80_0_0_ff304551444af9b6164ba4bee841d0a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, қирғизистон, қамчибек тошиев, марз, вакил, сиёсат
осиёи марказӣ, қирғизистон, қамчибек тошиев, марз, вакил, сиёсат
"Дастатро мешиканам": ҷанҷоли Тошиев бо Мадумаров зимни баҳси қочоқ ба Тоҷикистон
17:20 02.06.2022 (Навсозишуда: 18:31 02.06.2022) Роҳбари КДАМ вакили қирғизро ба он муттаҳам кард, ки бо дастгирии гурӯҳҳои муайян мехоҳанд боз вазъияти Қирғизистонро ноамн кунанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон миёни раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев ва раҳбари фраксияи "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров ҷанҷоли лафзӣ сар зад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, Тошиев дар ҷаласаи мазкур аз мубориза алайҳи кочоқ дар марз бо Тоҷикистон гузориш дод.
Дар рафти суханронӣ роҳбари КДАМ аз вакилон гиламандӣ кард, ки онҳо кори мақомоти амниятиро зери шубҳа қарор медиҳанд ва "дар нисбаташон ҳар гуна гапҳои нораво мезананд".
Ӯ аз ҷумла аз "туҳмат"-и Мадумаров изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки номбурда дар маъракаҳо кормандони амниятро "хунхӯрон"-и мардум мегӯяд ва онҳоро ба он муттаҳам мекунад, ки гӯё ризқи мардумро мехӯранд.
Пас аз ин суханон Мадумаров аз ҷо бархоста, бо вуҷуди фаъол набудани баландгӯ бо имову ишора ба изҳороти Тошиев посух дод, вале овози ӯро на ҳама шуниданд.
Ҳарчанд Мадумаров талаб кард, ки ба ӯ низ вақт барои сухан гуфтан аз минбар ҷудо кунанд, вале вакилон якдилона пешниҳоди ӯро рад карданд.
Бо вуҷуди ин Sputnik Қирғизистон баҳси лафзии Тошиев ва Мадумаровро дар сомонааш ҷо додааст. Зикр гардид, ки дар ҷараёни баҳси лафзӣ Тошиев таҳдид намудааст, ки дасти вакили даъвогарро мешиканад ва ӯро "нобуд" мекунад.
Тошиев изҳор доштааст, ки агар дар вазифаи прокурор мебуд, кайҳо Мадумаровро паси панҷара равон мекард.
Роҳбари фраксияи "Бутун Қирғизистон" бошад, Тошиевро таъна задааст, ки барои барпо кардани табаддулоти давлатӣ аз болои девори Кохи сафед ҷаҳида буд. Ӯ аз ҷумла гуфт, "табаддулотро шумо кардед ва барои ҳама кор бояд ҷавоб диҳед".
Қаблан Тошиев мақомоти гумруки Қирғизистонро ҳушдор дода буд, ки аз содироти маҳсулот ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.
"Ягон кило шакар, орд ва як литр рӯған набояд гузарад. Ҳоло дар ҳамсояҳои мо мушкили норасоии ғизост ва нарх яку ним баробар гаронтар аз мост ва аз ин рӯ кӯшиш мекунанд, аз мо бигиранд. Кормандони худро ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода кунед, то маҳсулот берун набарояд",- гуфта буд Тошиев.
Маврид ба зикр аст, ки марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз ҳаводиси моҳи майи соли 2021 баста шуд.
Ҳоло додугирифт ва равуо миёни кишварҳо сурат намегирад.
Ҷониби Қирғизистон гуфт, то ҳалли масоили марзӣ сарҳадашро баста боқӣ мегузорад.