https://sputnik.tj/20240219/in-kori-onhost-vkkh-dar-borai-konsulgarii-tolibon-dar-tojikiston-1061757794.html
“Ин кори онҳост”: ВКХ дар бораи консулгарии Толибон дар Тоҷикистон
“Ин кори онҳост”: ВКХ дар бораи консулгарии Толибон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ахиран фаъолияти консулгарии кишвари Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистонро шарҳ дод.
2024-02-19T13:24+0500
2024-02-19T13:24+0500
2024-02-19T13:24+0500
дар тоҷикистон
консулгарӣ
сиёсат
афғонистон
хоруғ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_248:179:3566:2046_1920x0_80_0_0_374a88d7491bec3a0a3bc821ced3ab9c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Қаблан расонаҳои хориҷӣ аз интиқоли консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба ҳукумати Толибон хабар дода буданд.Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, сафорат ва консулгарии Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ аз нахустин рӯзҳои истиқлоли Тоҷикистон оғоз ба кор карда ва то ба имрӯз ба фаъолияти худ идома медиҳанд.“Ҳайати дипломатҳо ва кормандони консулгарии Афғонистон дар Хоруғ аз соли 2020 ба ин сӯ тағйир накардааст. Афроде, ки дар онҷо кор мекунанд, дар соли 2020 санади эътибор ё аккредитатсия гирифтанд. Агар давлат ҷадид, фарз кардем, дубора онҳоро таъйид карда бошад, ки ин кор онҳост”, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.Вай дар шарҳи мавзуъ гуфт, ин ҳайате, ки дар Хоруғ кор мекунад, аз соли 2020 кор мекунад ва ҳамон сол санади эътибор гирифтанд.Расонаҳои хориҷӣ моҳи марти соли 2023 аз қавли вазорати хориҷаи Толибон хабар дода буданд, ки як ҳайати Толибон дар садри Ҳоҷӣ Муҳаммадмӯсо Амирӣ, раиси молӣ ва идории ин вазорат, аз консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон сафар карда, бо умури консулгарӣ шинос шуд ва таъмири онро аз наздик арзёбӣ намудааст.Сафари ҳайати Толибон дар пайи барфкӯчҳои азим, ки дар пайи он ҳудуди 20 сокини Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд ва бинои консулгарии Афғонистон низ зери барф монда буд, иттифоқ афтод.Консулгарии кулли Афғонистон дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ, соҳили рости дарёи Ғунд ҷойгир буда, дар он ҳудуди 7 нафар кор мекунанд. Нақибуллоҳ Деҳқонзода, генерал-консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ аст.Дар ҳамин ҳол, расонаҳо ба нақли қавл аз мақомоти номаълуми Тоҷикистон, дар бораи интиқоли консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ба ҳукумати Толибон гуфтанд.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо радди ин иддао, гуфт, мо шунидаем, ки сохторҳои дигар дар ин маврид назар медиҳанд, ки дуруст нест.“Барои иттилоъи шумо, як бори дигар ёдовар мешавам, ки тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз декабри 2015 “Дар бораи нақши ҳамоҳангкунандаи вазорати умури хориҷа дар мавриди ҳама масоили сиёсат хориҷӣ”, ҳамаи ин масоил дар салоҳият мост ва соир сохторҳо агар изҳор назаре кунанд, эътиборе надорад. Ҳамаи инҳо дар ихтиёри вазорати умури хориҷа аст”, - гуфт Сироҷуддин Муҳриддин.Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, ин кишвар бо Афғонистон 1374 километр марзи муштарак дорад.
https://sputnik.tj/20240130/tijorati-tojikiston-bo-tolibon--arqomu-voqeiyatho-1061473737.html
https://sputnik.tj/20240118/tolibon-boyad-bo-jabhai-muqovimat-va-tarafdoronash-zabon-yoband-1061327671.html
афғонистон
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/17/1060113459_549:0:3280:2048_1920x0_80_0_0_22c39969fa6f11f79914b9bfe453cab5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вкх, толибон, афғонистон, консулгарӣ, хоруғ, фаъолият, шарҳ
тоҷикистон, вкх, толибон, афғонистон, консулгарӣ, хоруғ, фаъолият, шарҳ
“Ин кори онҳост”: ВКХ дар бораи консулгарии Толибон дар Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии кишвар ахиран фаъолияти консулгарии кишвари Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистонро шарҳ дод.
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Қаблан расонаҳои хориҷӣ аз интиқоли консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба ҳукумати Толибон хабар дода буданд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, сафорат ва консулгарии Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ аз нахустин рӯзҳои истиқлоли Тоҷикистон оғоз ба кор карда ва то ба имрӯз ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
“Ҳайати дипломатҳо ва кормандони консулгарии Афғонистон дар Хоруғ аз соли 2020 ба ин сӯ тағйир накардааст. Афроде, ки дар онҷо кор мекунанд, дар соли 2020 санади эътибор ё аккредитатсия гирифтанд. Агар давлат ҷадид, фарз кардем, дубора онҳоро таъйид карда бошад, ки ин кор онҳост”, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Вай дар шарҳи мавзуъ гуфт, ин ҳайате, ки дар Хоруғ кор мекунад, аз соли 2020 кор мекунад ва ҳамон сол санади эътибор гирифтанд.
“Мо ба касе эътиборномаи ҷадиде надодем. Раиси протоколи ВКХ метавонад ба шумо таъйид кунад, ки мо дипломатҳои ҷадидро дар онҷо сабти ном накардаем”, - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Расонаҳои хориҷӣ моҳи марти соли 2023 аз қавли вазорати хориҷаи Толибон хабар дода буданд, ки як ҳайати Толибон дар садри Ҳоҷӣ Муҳаммадмӯсо Амирӣ, раиси молӣ ва идории ин вазорат, аз консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон сафар карда, бо умури консулгарӣ шинос шуд ва таъмири онро аз наздик арзёбӣ намудааст.
Сафари ҳайати Толибон дар пайи барфкӯчҳои азим, ки дар пайи он ҳудуди 20 сокини Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд ва бинои консулгарии Афғонистон низ зери барф монда буд, иттифоқ афтод.
Консулгарии кулли Афғонистон дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ, соҳили рости дарёи Ғунд ҷойгир буда, дар он ҳудуди 7 нафар кор мекунанд. Нақибуллоҳ Деҳқонзода, генерал-консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ аст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо ба нақли қавл аз мақомоти номаълуми Тоҷикистон, дар бораи интиқоли консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ба ҳукумати Толибон гуфтанд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо радди ин иддао, гуфт, мо шунидаем, ки сохторҳои дигар дар ин маврид назар медиҳанд, ки дуруст нест.
“Барои иттилоъи шумо, як бори дигар ёдовар мешавам, ки тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз декабри 2015 “Дар бораи нақши ҳамоҳангкунандаи вазорати умури хориҷа дар мавриди ҳама масоили сиёсат хориҷӣ”, ҳамаи ин масоил дар салоҳият мост ва соир сохторҳо агар изҳор назаре кунанд, эътиборе надорад. Ҳамаи инҳо дар ихтиёри вазорати умури хориҷа аст”, - гуфт Сироҷуддин Муҳриддин.
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, ин кишвар бо Афғонистон 1374 километр марзи муштарак дорад.