Қатар дар Душанбе шаҳраки нав месозад?

© Sputnik / Рубен ГарсияПанорама города Душанбе с высоты
Панорама города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2024
Обуна шудан
Масъалаи зарурати бунёди шаҳраки нав дар Душанбе дар мулоқоти роҳбари давлат ва мудири бахши сармоягузории ширкати "Диёри Қатар" баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар доираи сафари давлатӣ ба Қатар бо мудири бахши сармоягузории ширкати "Диёри Қатар" Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки "Диёри Душанбе" ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардид, хабар дод дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки татбиқи саривақтии марҳилаҳои дигари бунёди шаҳрак дар Душанбе зарур шумурда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2024
Раҳмон дар Доҳа ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистонро баррасӣ кард
Зикр гардид, ки бо назардошти беҳтар шудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ талаботи аҳолии мамлакат ба инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла манзилҳои зист ва таъсиси марказҳои савдои замонавии бузург дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан аз лоиҳаҳои нисбатан маъруфи Тоҷикистону Қатар ин маҷмааи “Диёри Душанбе” ва калонтарин масҷиди ҷомеъи Душанбе мебошанд.
Тибқи иттилоияи расмӣ, муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шудаанд. Моҳи ноябри соли 2012 сафорати Қатар дар Душанбе ва моҳи майи соли 2013 сафорати Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуд.
Лентаи хабарҳо
0