https://sputnik.tj/20240216/vazir-moliya-tojikiston-hajmi-qarzi-pardokhtshuda-1061723784.html
Тоҷикистон аз хориҷ чанд қарздор асту чӣ қадарашро пардохт? Посухи вазири молия
Тоҷикистон аз хориҷ чанд қарздор асту чӣ қадарашро пардохт? Посухи вазири молия
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон дар соли гузашта 26 созишномаи ҷадидро барои ҷалби маблағҳо имзо намудаанд, ки дар таркибашон ҳамагӣ 33,5% қарз гуфта мешавад
2024-02-16T10:26+0500
2024-02-16T10:26+0500
2024-02-16T10:52+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарздиҳӣ
қарзҳо
хориҷӣ
молия
файзиддин қаҳҳорзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102890/31/1028903159_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_d8213a08d3cbc6cb59c77c871bc5729c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли равон дар маҷмуъ ба 3,6 млрд доллари амрикоӣ баробар шуд, иттилоъ дод вазири молияи ҷумҳурӣ, Файзиддин Қаҳҳорзода. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар таркиби қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар қарзи берунӣ ва 400 млн долларро қарзи дохилӣ ташкил медиҳад. Қаҳҳорзода таъкид намуд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар сатҳи бехатар қарор дорад ва таносуби қарз дар нисбати маҳсулоти дохилиро зикр намуд. Ӯ гуфт, қарзи умумии давлатӣ ба ҳудуди 30%-и ММД ва қарзи хориҷӣ наздики 27%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта рушди беш аз 8%-ӣ нишон дода, ба гуфтаи вазир наздик ба 131 млрд сомонӣ расид. Вазир таъкид намуд, ки иҷрои уҳдадориҳои молиявии хориҷии Тоҷикистон дар доираи нақша амалӣ гардида, қарздорӣ аз рӯи иҷрои он дар назди созмону давлатҳои алоҳида ҷой надорд. Ҳаҷми маблағе, ки соли 2023 аз буҷа барои пардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон равона шудаанд, вазири молия беш аз 274 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд. Вай афзуд, инчунин соли гузашта 26 созишномаи ҷадид барои ҷалби маблағ ба татбиқи 24 тарҳ баста шуд, ки пули он наздики 572 млн долларро ташкил дод, ки аз ин 374 млн доллар ё 65% грант, қариби 192 млн доллар ё 33,5% қарз буда, 6 млн доллари боқимонда саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20240214/rais-bonki-milli-charo-hajm-pul-firistoda-muhojiron-1061684615.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102890/31/1028903159_106:0:1926:1365_1920x0_80_0_0_9de79c5c56553b95d8cdbcba0f680ddc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қарз, хориҷӣ, вазир, молия
тоҷикистон, қарз, хориҷӣ, вазир, молия
Тоҷикистон аз хориҷ чанд қарздор асту чӣ қадарашро пардохт? Посухи вазири молия
10:26 16.02.2024 (Навсозишуда: 10:52 16.02.2024) Мақомоти Тоҷикистон дар соли гузашта 26 созишномаи ҷадидро барои ҷалби маблағҳо имзо намудаанд, ки дар таркибашон ҳамагӣ 33,5% қарз гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли равон дар маҷмуъ ба 3,6 млрд доллари амрикоӣ баробар шуд, иттилоъ дод вазири молияи ҷумҳурӣ, Файзиддин Қаҳҳорзода.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар таркиби қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар қарзи берунӣ ва 400 млн долларро қарзи дохилӣ ташкил медиҳад.
Қаҳҳорзода таъкид намуд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар сатҳи бехатар қарор дорад ва таносуби қарз дар нисбати маҳсулоти дохилиро зикр намуд.
Ӯ гуфт, қарзи умумии давлатӣ ба ҳудуди 30%-и ММД ва қарзи хориҷӣ наздики 27%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта рушди беш аз 8%-ӣ нишон дода, ба гуфтаи вазир наздик ба 131 млрд сомонӣ расид.
Вазир таъкид намуд, ки иҷрои уҳдадориҳои молиявии хориҷии Тоҷикистон дар доираи нақша амалӣ гардида, қарздорӣ аз рӯи иҷрои он дар назди созмону давлатҳои алоҳида ҷой надорд.
Ҳаҷми маблағе, ки соли 2023 аз буҷа барои пардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон равона шудаанд, вазири молия беш аз 274 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд.
Вай афзуд, инчунин соли гузашта 26 созишномаи ҷадид барои ҷалби маблағ ба татбиқи 24 тарҳ баста шуд, ки пули он наздики 572 млн долларро ташкил дод, ки аз ин 374 млн доллар ё 65% грант, қариби 192 млн доллар ё 33,5% қарз буда, 6 млн доллари боқимонда саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад.