https://sputnik.tj/20240214/rais-bonki-milli-charo-hajm-pul-firistoda-muhojiron-1061684615.html
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон дақиқ нест
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон дақиқ нест
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷа, асосан ба Русия мераванд ва маблағи интиқолдодаашон манбаи таъмини хонаводаҳо мебошад
2024-02-14T15:50+0500
2024-02-14T15:50+0500
2024-02-14T19:46+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
иқтисод
пул
раис
бонки миллӣ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061684757_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_30931eef5cbca02f5040a20cba3f967a.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ҳаҷми маблағеро, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, мушаххас кардан имкон надорад. Ин нуктаро раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон, Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Вай тавзеҳ дод, ки маблағро муҳоҷирони меҳнатӣ аз тариқи каналҳои мухталиф ирсол мекунанд. Аз ҷумла тавассути бонкҳо, суратҳисоб, корт ва ғайра интиқол медиҳанд, ки мо маблағи муайянро гуфта наметавонем, афзуд Толибзода.Ин дар ҳолест, ки қаблан созмонҳои молиявии байналмилалӣ ҳаҷми маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷиронро миллиардҳо доллар гуфта, яке аз сарчашмаҳои суботи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ унвон карданд. Дар ҳамин мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди шаҳрвандони кишвар, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, дар як соли ахир 16% коҳиш ёфтааст.Ба гуфтаи вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, Гулнора Ҳасанзода, дар соли 2023 беш аз 652 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафтаанд. Ин нишондод дар соли 2022 ба 775 ҳазор нафар баробар буд, ки мизони коҳиш ба 123,5 ҳазор тан расидааст, афзуд манбаъ. Вазир гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан барои дарёфти пул ба Русия мераванд, ки беш аз 627 ҳазор ба ин кишвар рост меояд.Ҳамзамон 18,4 ҳазор муҳоҷирон ба Қазоқистон ва боқимонда ба дигар кишварҳо рост меоянд.
https://sputnik.tj/20240210/rusiyaro-raqobat-muhojiron-kishvar-hushdor-1061643265.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061684757_39:0:1175:852_1920x0_80_0_0_0b4cee3755d11a75d3a41db5c2ded982.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, пул, тоҷикистон, таъмин, хонавода
муҳоҷирон, пул, тоҷикистон, таъмин, хонавода
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон дақиқ нест
15:50 14.02.2024 (Навсозишуда: 19:46 14.02.2024) Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷа, асосан ба Русия мераванд ва маблағи интиқолдодаашон манбаи таъмини хонаводаҳо мебошад
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ҳаҷми маблағеро, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, мушаххас кардан имкон надорад.
Ин нуктаро раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон, Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вай тавзеҳ дод, ки маблағро муҳоҷирони меҳнатӣ аз тариқи каналҳои мухталиф ирсол мекунанд. Аз ҷумла тавассути бонкҳо, суратҳисоб, корт ва ғайра интиқол медиҳанд, ки мо маблағи муайянро гуфта наметавонем, афзуд Толибзода.
Ин дар ҳолест, ки қаблан созмонҳои молиявии байналмилалӣ ҳаҷми маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷиронро миллиардҳо доллар гуфта, яке аз сарчашмаҳои суботи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ унвон карданд.
Дар ҳамин мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди шаҳрвандони кишвар, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, дар як соли ахир 16% коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, Гулнора Ҳасанзода, дар соли 2023 беш аз 652 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафтаанд. Ин нишондод дар соли 2022 ба 775 ҳазор нафар баробар буд, ки мизони коҳиш ба 123,5 ҳазор тан расидааст, афзуд манбаъ.
Вазир гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан барои дарёфти пул ба Русия мераванд, ки беш аз 627 ҳазор ба ин кишвар рост меояд.
Ҳамзамон 18,4 ҳазор муҳоҷирон ба Қазоқистон ва боқимонда ба дигар кишварҳо рост меоянд.