https://sputnik.tj/20240216/tojikiston-meva-sabzavot-1061730414.html
Тоҷикистон аз куҷо меваю сабзавот мехарад? - тасвирбаён
Тоҷикистон аз куҷо меваю сабзавот мехарад? - тасвирбаён
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар соли 2023 аз ҳудуди 40 кишвари хориҷи дуру наздик меваву сабзавот ворид кардааст, ки тафсилоти он дар тасвирбаён гирд оварда шудаст
2024-02-16T17:43+0500
2024-02-16T17:43+0500
2024-02-16T17:43+0500
дар тоҷикистон
тасвирбаён
мева
сабзавот
воридот
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0f/1061714670_0:0:1332:749_1920x0_80_0_0_d869c0e9cfb6ea52749cc87c44c799e6.jpg
Содиркунандаҳои мева ва сабзавот ба Тоҷикистон 33 давлат аз ҷуғрофиёи хориҷаи дур ва 6 кишвар мутааллиқ ба хориҷаи наздик ҳастанд. Дар панҷгонаи кишварҳои хориҷаи дур, ки Тоҷикистон аз онҳо меваву сабзавот ворид кардааст Эквадор, Покистон, Туркия, Афғонистон ва Эрон ҷой гирифтаанд, бармеояд аз иттилои мақомоти гумрук ва омори ҷумҳурӣ, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузоштанд. Аз хориҷи дур умдатан муз (банан), ананас, мандарин ва дигар меваҳои ситрусӣ, тарбуз, харбуза, хурмо, картошка, растаниҳои зинда, занҷабил ва ғайра ворид шудаст, ки маблағи он қариби 58 млн доллар шудаст. Эквадор, кишваре дар Амрикои Лотин, бо саҳми беш аз 31млн дар садри ҷадвал қарор дорад. Ба дунболи он Покистон бо 17, Туркия 2. 7, Афғонистон 2, 2 ва Эрон 1,5 млн доллар кишварҳои ин панҷгона ҳастанд, ки Тоҷикистон аз онҳо меваву сабзавот ворид кардааст.Раиси Бонки миллии Тоҷикистон: доллар каму рубл зиёд шуда истодаастҶуғрофияи бақия 28 кишвари шарики воридоти меваву сабзавоти Тоҷикистон низ кишварҳои саросари ҷаҳон, аз ҷумла Коста-Pика, Марокаш, Миср, Ветнам, Ҳинд, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Олмон, Австралия, Ҷопон, Сербистон, Бразилия ва ғайраро дар тамоми қораҳои ҷаҳон дарбар мегирад. Бино ба иттилои расмӣ, дар соли 2023 аз кишварҳои хориҷаи наздик Тоҷикистон аз 6 кишвар – Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Белорус, Қирғизистон ва Молдова меваву сабзавот ворид кардааст, ки умдатан картошка, лубиёӣ, сабзӣ, себ, ангур, нок, меваҳои ситрусӣ ва ғайраро дарбар мегирад.Ҳаҷми воридот 41, 3 ҳазор тон, аз ҷумла 18,3 ҳазор тон картошка ва маблағи он беш аз 14 млн долларро ташкил медиҳад. Дар панҷгонаи кишварҳои хориҷи наздик, ки Тоҷикистон аз онҳо меваву сабзавот ворид кардааст, Қазоқистон (5, 9), Русия (3,9), Ӯзбекистон (2,7), Белорус (1, 2 млнн доллар), Қирғизистон (523, 6 ҳазор доллар) қарор доранд. Аз Молдова дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар (41 тон) ангур ворид шудааст. Ба ҳамин минвол, дар панҷгонаи шарикони воридоти меваву сабзавоти Тоҷикистон - Эквадор, Покистон, Қазоқистон, Русия ва Туркия, ки 32 ҳазор доллар бештар аз Ӯзбекистон саҳм дорад, дохил мешаванд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0f/1061714670_208:0:1207:749_1920x0_80_0_0_0640bbaf109e623c48d776218c37740b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мева, сабзавот, тафсилот, тасвирбаён
тоҷикистон, мева, сабзавот, тафсилот, тасвирбаён
Тоҷикистон аз куҷо меваю сабзавот мехарад? - тасвирбаён
Тоҷикистон дар соли 2023 аз ҳудуди 40 кишвари хориҷи дуру наздик меваву сабзавот ворид кардааст, ки тафсилоти он дар тасвирбаён гирд оварда шудаст
Содиркунандаҳои мева ва сабзавот ба Тоҷикистон 33 давлат аз ҷуғрофиёи хориҷаи дур ва 6 кишвар мутааллиқ ба хориҷаи наздик ҳастанд.
Дар панҷгонаи кишварҳои хориҷаи дур, ки Тоҷикистон аз онҳо меваву сабзавот ворид кардааст Эквадор, Покистон, Туркия, Афғонистон ва Эрон ҷой гирифтаанд, бармеояд аз иттилои мақомоти гумрук ва омори ҷумҳурӣ, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузоштанд.
Аз хориҷи дур умдатан муз (банан), ананас, мандарин ва дигар меваҳои ситрусӣ, тарбуз, харбуза, хурмо, картошка, растаниҳои зинда, занҷабил ва ғайра ворид шудаст, ки маблағи он қариби 58 млн доллар шудаст.
Эквадор, кишваре дар Амрикои Лотин, бо саҳми беш аз 31млн дар садри ҷадвал қарор дорад. Ба дунболи он Покистон бо 17, Туркия 2. 7, Афғонистон 2, 2 ва Эрон 1,5 млн доллар кишварҳои ин панҷгона ҳастанд, ки Тоҷикистон аз онҳо меваву сабзавот ворид кардааст.
Ҷуғрофияи бақия 28 кишвари шарики воридоти меваву сабзавоти Тоҷикистон низ кишварҳои саросари ҷаҳон, аз ҷумла Коста-Pика, Марокаш, Миср, Ветнам, Ҳинд, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Олмон, Австралия, Ҷопон, Сербистон, Бразилия ва ғайраро дар тамоми қораҳои ҷаҳон дарбар мегирад.
Бино ба иттилои расмӣ, дар соли 2023 аз кишварҳои хориҷаи наздик Тоҷикистон аз 6 кишвар – Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Белорус, Қирғизистон ва Молдова меваву сабзавот ворид кардааст, ки умдатан картошка, лубиёӣ, сабзӣ, себ, ангур, нок, меваҳои ситрусӣ ва ғайраро дарбар мегирад.
Ҳаҷми воридот 41, 3 ҳазор тон, аз ҷумла 18,3 ҳазор тон картошка ва маблағи он беш аз 14 млн долларро ташкил медиҳад. Дар панҷгонаи кишварҳои хориҷи наздик, ки Тоҷикистон аз онҳо меваву сабзавот ворид кардааст, Қазоқистон (5, 9), Русия (3,9), Ӯзбекистон (2,7), Белорус (1, 2 млнн доллар), Қирғизистон (523, 6 ҳазор доллар) қарор доранд.
Аз Молдова дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар (41 тон) ангур ворид шудааст. Ба ҳамин минвол, дар панҷгонаи шарикони воридоти меваву сабзавоти Тоҷикистон - Эквадор, Покистон, Қазоқистон, Русия ва Туркия, ки 32 ҳазор доллар бештар аз Ӯзбекистон саҳм дорад, дохил мешаванд.