ВКД: Мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро террористон оташ задаанд

© Sputnik / Амир ИсаевВорота в Куляб
Ворота в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2024
Обуна шудан
Як мақомдори маҳаллии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки зимоми қудрат дар кишварро даҳсолаҳои охир дар даст дорад, ҳадафи амали террористӣ қарор гирифтаст
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Алайҳи раиси бахши Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Салим Сайвализода амали террористӣ содир шудааст.
Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
"Ҳодисае, ки дар Кӯлоб нисбати раиси бахши маҳаллии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон рух додаст, амали террористӣ мебошад", - гуфт вазир.
Вай афзуд, ки дар ҳодиса гуруҳи одамон даст дошта, феълан таҳқиқи ҳодиса аз сӯи мақомдорони амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ идома дорад. Гуфта нашуд, ки муттаҳамон марбути кадом гуруҳанду чӣ ҳадафҳо доштаанд.
"Аз тарафи гуруҳи муташаккили ҷиноӣ содир шудааст. Аз тарафи мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ шумораи зиёд дастгир шудаанд, айни ҳол тафтишот аст, баъди анҷоми он хабар медиҳем", - изҳор дошт Раҳимзода.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2024
Генерал Раҳимзода: Воқеан тоҷикистониҳо дар Эрон амали террористӣ анҷом додаанд
Тибқи гузоришҳои нашршуда мошини хидматии раиси ҲХДТ дар Кӯлоб, Салим Сайвализода аввали моҳи январ дар пеши хонааш дар шаҳри Кӯлоб оташ гирифта буд, ки гуфта мешавад худи ӯ низ маҷруҳ шудааст.
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар умум тайи соли гузашта 4 амали террористиро ошкор карда, 5 сӯиқасди амали террористиро сабт намуданд.
Тибқи мақомоти корҳои дохилӣ дар умум соли гузашта 275 узви ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир гардиданд, ки қисмашон аз ҷумла марбути паҳн намудани маълумоти хусусияти экстремистидошта мебошад.
Лентаи хабарҳо
0