Генерал Раҳимзода: Воқеан тоҷикистониҳо дар Эрон амали террористӣ анҷом додаанд

© Sputnik / Амир ИсаевРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2024
Обуна шудан
Вазири корҳои доҳилии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар амалҳои террористӣ дар қаламрави ҷумҳурии исломии Эрон иштирок доштаанд
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Ҳуввияти дастандаркорони амалҳои террористӣ дар Эрон дар пайи ҳамкориҳои муштарак бо мақомоти Тоҷикистон мушаххас шудааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзод гуфт, мақомоти ду кишвар муштаракан фаъолият карда, мушаххас намудаанд, ки воқеан тоҷикистониҳо дар аъмоли террористӣ дар қаламрави Эрон даст доштаанд.
Вай таъкид намуд, ки чораҳои мушаххасро меандешанд, то аз чунин ҳодисаҳо дар оянда ҷилавгирӣ карда шавад.
Богиня правосудия Фемида - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Эрон ба зодаи Тоҷикистон ҳукми қатл дод: Тафсилоти қазия
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон афзуданд, ки дар дохили кишвар низ 5 сӯиқасди амали террористиро ошкор намудаанд, ки аз рӯи ин ҳолатҳо панҷ нафарро боздошт намудаанд. Инчунин 4 амали террористиро дар дохил ошкор кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки аввали соли равон дар маросими чаҳорумин солгарди қатли Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири гулзори шаҳидони Кирмон, ҷануби Эрон ду амалиёти интиҳорӣ, ки гурӯҳи террористии ДИИШ* масъулияти онро пазируфт, дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод.
Мақомоти Эрон гуфтанд, дар ин ҳамлаи интиҳорӣ тоҷикистониҳо даст доштанд. Қаблан низ мақомоти Эрону Туркия аз даст доштани тоҷикистониҳо дар амалҳои террористӣ хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0