https://sputnik.tj/20240215/rahimzoda-kormandon-ikhtisorshudai-bda-1061706286.html
Вазир: Кормандони ихтисоршудаи БДА аз мақомот ронда намешаванд
Вазир: Кормандони ихтисоршудаи БДА аз мақомот ронда намешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Ихтисори воҳидҳои корӣ дар Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур амалӣ шуда, ҳадаф таъмини тартибот дар роҳҳо гуфт мешавад
2024-02-15T12:05+0500
2024-02-15T12:05+0500
2024-02-15T12:05+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
назорати тартибот
рамазон раҳимзода
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҷазо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032721504_0:153:2897:1782_1920x0_80_0_0_ab60d05cae1e856890dc0ee1f61f070d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Кормандони ихтисоршудаи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо кор дар дигар бахшҳои мақомот таъмин хоҳанд шуд. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ихтисори нозирони роҳ вобаста ба танзими тартибот дар роҳҳо ва афзоиши маърифати мардум мунтазам сурат мегирад. Ихтисор тибқи тартиби муайяннамудаи ҳукумат сурат хоҳад гирифт, ки айни ҳол ин раванд идома дорад, гуфт вазир. Вай илова намуд, ки дар сохтори БДА инчунин аттестатсия гузаронда шуда буд, ки дар натиҷа беш аз 80 нафар аз мақомот озод шуданду гуруҳи дигар намуди ҷазоҳои интизомӣ гирифтанд. Маврид ба зикр аст, ки бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон воҳидҳои кории Бозрасии давлатии автомобилӣ 30% ихтисор мешаванд. Тавре дар фармони нашршудаи раисҷумҳур гуфта шудааст, ин иқдом бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти БДА амалӣ мешавад.Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон зимни як суҳбат бо роҳбарияти БДА аз ҷумла аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ёдовар шуда, ислоҳи вазъро талаб карда буд. Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуда буд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
https://sputnik.tj/20240215/halokat-odamon-sadama-sukhtor-tojikiston-1061701015.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032721504_158:0:2737:1934_1920x0_80_0_0_e3efb97b2fd1a6e3921a5c82e2988485.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корманд, бда, ихтисор, вкд, тоҷикистон
корманд, бда, ихтисор, вкд, тоҷикистон
Вазир: Кормандони ихтисоршудаи БДА аз мақомот ронда намешаванд
Ихтисори воҳидҳои корӣ дар Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур амалӣ шуда, ҳадаф таъмини тартибот дар роҳҳо гуфт мешавад
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Кормандони ихтисоршудаи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо кор дар дигар бахшҳои мақомот таъмин хоҳанд шуд.
Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ихтисори нозирони роҳ вобаста ба танзими тартибот дар роҳҳо ва афзоиши маърифати мардум мунтазам сурат мегирад.
"Вобаста ба сатҳи донишу малакаашон дар дигар сохторҳои мақомот бо кор таъмин мегарданд. Аз мақомот пеш карда намешаванд", - таъкид кард Раҳимзода.
Ихтисор тибқи тартиби муайяннамудаи ҳукумат сурат хоҳад гирифт, ки айни ҳол ин раванд идома дорад, гуфт вазир.
Вай илова намуд, ки дар сохтори БДА инчунин аттестатсия гузаронда шуда буд, ки дар натиҷа беш аз 80 нафар аз мақомот озод шуданду гуруҳи дигар намуди ҷазоҳои интизомӣ гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон воҳидҳои кории Бозрасии давлатии автомобилӣ 30% ихтисор мешаванд.
Тавре дар фармони нашршудаи раисҷумҳур гуфта шудааст, ин иқдом бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти БДА амалӣ мешавад.
Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон зимни як суҳбат бо роҳбарияти БДА аз ҷумла аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ёдовар шуда, ислоҳи вазъро талаб карда буд.
Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуда буд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.