https://sputnik.tj/20240214/rusiya-sanad-sarmoyaguzorii-loihahoi-mushtarak-iiao-1061694000.html
Русия санади сармоягузории лоиҳаҳои муштарак дар ИИАО-ро имзо кард
Русия санади сармоягузории лоиҳаҳои муштарак дар ИИАО-ро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Соли равон барои мусоидати молиявӣ дар тарҳҳои муштараки саноатии ИИАО 1,7 млрд рубл ихтисос дода мешавад, ки ҳиссаи Русия ҳудуди 1,5 млрдро ташкил медиҳад
2024-02-14T17:03+0500
2024-02-14T17:03+0500
2024-02-14T17:04+0500
дар русия
иқтисод
ииао
миллиард
рубл
авруосиё
иттиҳоди иқтисодии уросиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054410_0:170:3252:1999_1920x0_80_0_0_33e5b055f5803c8f8f890e9fe8129b9f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Протоколи мусоидати молиявӣ ба тарҳҳои муштараки саноатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кард. Бар асоси тартиби муқарарнамудаи санад, ҳаҷми маблағе, ки дар буҷети ИИАО барои дастгирии молиявии чунин лоиҳаҳои муштарак дар соли молиявии оянда равона мешавад, мутаносибан аз ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷети давлатҳои узви созмон аз боҷҳои махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронпулӣ дар соли гузашта муайян карда мешавад. Андозаи ин ҳисса ва шакли кумаки молӣ ба тарҳҳои муштараки саноатӣ аз ҷониби Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё муайян карда мешавад.Муовини вазири саноат ва савдои Русия Виктор Евтухов гуфт, интизор меравад, ки ҳаҷми кумаки молиявӣ 10% аз ҳаҷми умумии воридот аз чунин боҷҳоро ташкил диҳад. Ва кумаки молӣ дар шакли субсидияи фоизи қарз ва қарзҳои созмонҳои молии байналмилалӣ ва миллӣ ироа хоҳад шуд.Тартиби интихоб ва татбиқи лоиҳаҳо, инчунин расонидани кӯмаки молиявӣ аз буҷети ИИАО дар низомномае, ки Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад. Иҷрои протокол хароҷоти иловагиро ба бор меорад ва дар доираи маблағҳои буҷетие, ки дар буҷети федералӣ пешбинӣ шудааст, сурат мегирад, қайд кард Евтухов. Интизор меравад, ки дар соли 2024 барои мусоидати молиявӣ дар тарҳҳои муштараки саноатии ИИАО 1,7 млрд рубл ихтисос дода шавад, ки ҳиссаи Русия ҳудуди 1,5 млрдро ташкил медиҳад, гуфт Евтухов. Муовини вазир тавзеҳ дод, ки механизми кумаки молиявӣ барои панҷ сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани протокол бо имкони тамдиди он пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20240213/iiao-nazoratro-bar-voridoti-moshinho-purzur-mekunad-1061674036.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/19/1061054410_436:0:3167:2048_1920x0_80_0_0_03042337c40d97df6ef1ec52329d8b7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарҳ, муштарак, сармоягузорӣ, иттиҳоди иқтисодии авруосиё
тарҳ, муштарак, сармоягузорӣ, иттиҳоди иқтисодии авруосиё
Русия санади сармоягузории лоиҳаҳои муштарак дар ИИАО-ро имзо кард
17:03 14.02.2024 (Навсозишуда: 17:04 14.02.2024) Соли равон барои мусоидати молиявӣ дар тарҳҳои муштараки саноатии ИИАО 1,7 млрд рубл ихтисос дода мешавад, ки ҳиссаи Русия ҳудуди 1,5 млрдро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Протоколи мусоидати молиявӣ ба тарҳҳои муштараки саноатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кард.
Бар асоси тартиби муқарарнамудаи санад, ҳаҷми маблағе, ки дар буҷети ИИАО барои дастгирии молиявии чунин лоиҳаҳои муштарак дар соли молиявии оянда равона мешавад, мутаносибан аз ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷети давлатҳои узви созмон аз боҷҳои махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронпулӣ дар соли гузашта муайян карда мешавад.
Андозаи ин ҳисса ва шакли кумаки молӣ ба тарҳҳои муштараки саноатӣ аз ҷониби Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё муайян карда мешавад.
Муовини вазири саноат ва савдои Русия Виктор Евтухов гуфт, интизор меравад, ки ҳаҷми кумаки молиявӣ 10% аз ҳаҷми умумии воридот аз чунин боҷҳоро ташкил диҳад. Ва кумаки молӣ дар шакли субсидияи фоизи қарз ва қарзҳои созмонҳои молии байналмилалӣ ва миллӣ ироа хоҳад шуд.
Тартиби интихоб ва татбиқи лоиҳаҳо, инчунин расонидани кӯмаки молиявӣ аз буҷети ИИАО дар низомномае, ки Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.
Иҷрои протокол хароҷоти иловагиро ба бор меорад ва дар доираи маблағҳои буҷетие, ки дар буҷети федералӣ пешбинӣ шудааст, сурат мегирад, қайд кард Евтухов.
Интизор меравад, ки дар соли 2024 барои мусоидати молиявӣ дар тарҳҳои муштараки саноатии ИИАО 1,7 млрд рубл ихтисос дода шавад, ки ҳиссаи Русия ҳудуди 1,5 млрдро ташкил медиҳад, гуфт Евтухов.
Муовини вазир тавзеҳ дод, ки механизми кумаки молиявӣ барои панҷ сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани протокол бо имкони тамдиди он пешбинӣ шудааст.