https://sputnik.tj/20240213/iiao-nazoratro-bar-voridoti-moshinho-purzur-mekunad-1061674036.html
ИИАО назоратро бар воридоти мошинҳо пурзӯр мекунад
ИИАО назоратро бар воридоти мошинҳо пурзӯр мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҳукумати Русия ба Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дастур дод, ки барои назорати воридоти мошинҳо тадбирҳои заруриро таҳия кунад
2024-02-13T13:01+0500
2024-02-13T13:01+0500
2024-02-13T13:55+0500
ииао
иқтисод
гумрук
худрав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/02/1032570130_0:116:3140:1882_1920x0_80_0_0_8b9589ba8d9184eb3efa15ab5f9dcbec.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар назар аст, ки назорат бар воридоти мошинҳо аз кишварҳои сеюм пурзӯр карда шавад. Аз ҷумла, Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, ба Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дастур додааст, ки назорат бар мошинҳоеро, ки дар яке аз онҳо тибқи қоидаҳои имтиёзнок сабти ном шудаанд, вале воқеъан дар кишвари дигари узви иттиҳодия истифода мешаванд, афзоиш диҳад. Ин тасмим ба зуд-зуд баҳо надодани хароҷот ва истифодаи дигар роҳҳои таъминот ба Федератсияи Русия аз кишварҳои дигари иттиҳод алоқаманд аст. "Ин тадбирҳоеро, ки дар Федератсияи Русия барои рушди истеҳсолоти ватанӣ андешида мешаванд хунсо месозад ва инчунин даромади буҷаи федералро коҳиш медиҳад",- гуфта мешавад дар лоиҳа.Ба аъзои ИИАО пешниҳод шудааст, ки то 1 апрели соли 2024 механизми ягонаи назорат ва имкони баҳогузории иловагии боҷҳои гумрукиро таъсис диҳанд. Ин чунин маъно дорад, ки мақомоти гумруки ИИАО ҳар моҳ ба Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар бораи арзиши миёнаи гумрукии моли воридотӣ (аз ҷумла мошинҳо) ба як кишвари узви иттиҳод аз кишварҳои сеюм маълумот мефиристанд. Ҳуҷҷат мисоли нақзи қонунгузории гумрукро бо коҳиши назарраси арзиши гумрукии онҳо овардааст: воридоти мошинҳои барқӣ ба Русия, ки дар Қирғизистон сабти ном шудаанд.
https://sputnik.tj/20240210/iiao-tasis-khona-tijori-eron-davlatho-barrasi-1061641486.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/02/1032570130_385:0:3116:2048_1920x0_80_0_0_235e658a765e0a9e3754d7f0cd5d543a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао назорат воридот мошин пурзӯр
ииао назорат воридот мошин пурзӯр
ИИАО назоратро бар воридоти мошинҳо пурзӯр мекунад
13:01 13.02.2024 (Навсозишуда: 13:55 13.02.2024) Раиси ҳукумати Русия ба Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дастур дод, ки барои назорати воридоти мошинҳо тадбирҳои заруриро таҳия кунад
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар назар аст, ки назорат бар воридоти мошинҳо аз кишварҳои сеюм пурзӯр карда шавад.
Аз ҷумла, Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, ба Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дастур додааст, ки назорат бар мошинҳоеро, ки дар яке аз онҳо тибқи қоидаҳои имтиёзнок сабти ном шудаанд, вале воқеъан дар кишвари дигари узви иттиҳодия истифода мешаванд, афзоиш диҳад.
Ин тасмим ба зуд-зуд баҳо надодани хароҷот ва истифодаи дигар роҳҳои таъминот ба Федератсияи Русия аз кишварҳои дигари иттиҳод алоқаманд аст.
"Ин тадбирҳоеро, ки дар Федератсияи Русия барои рушди истеҳсолоти ватанӣ андешида мешаванд хунсо месозад ва инчунин даромади буҷаи федералро коҳиш медиҳад",- гуфта мешавад дар лоиҳа.
Ба аъзои ИИАО пешниҳод шудааст, ки то 1 апрели соли 2024 механизми ягонаи назорат ва имкони баҳогузории иловагии боҷҳои гумрукиро таъсис диҳанд.
Ин чунин маъно дорад, ки мақомоти гумруки ИИАО ҳар моҳ ба Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар бораи арзиши миёнаи гумрукии моли воридотӣ (аз ҷумла мошинҳо) ба як кишвари узви иттиҳод аз кишварҳои сеюм маълумот мефиристанд.
Ҳуҷҷат мисоли нақзи қонунгузории гумрукро бо коҳиши назарраси арзиши гумрукии онҳо овардааст: воридоти мошинҳои барқӣ ба Русия, ки дар Қирғизистон сабти ном шудаанд.