Русияро дар бораи рақобат барои муҳоҷирон бо чанд кишвар ҳушдор доданд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкПривлечение иностранной рабочей силы в Приморском крае
Привлечение иностранной рабочей силы в Приморском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2024
Обуна шудан
Коршинос гуфт, ки мақомоти Русия бояд барои баланд бардоштани ҷолибияти бозори меҳнати дохилӣ ва ҷалби муҳоҷирон, бахусус афроди соҳибихтисос шурӯъ кунад
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Русия бояд ба ҷалби муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба далели афзоиши рақобат аз кишварҳои дигар оғоз кунад.
Дар ин бора Марина Храмова, директори Пажӯҳишгоҳи демографии Академияи илмҳои Русия дар мусоҳиба бо "РБК" изҳор доштааст.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир барои сокинони кишварҳои ИДМ, ки дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд, Чин ва кишварҳои аврупоӣ ҷолибтар ба назар мерасанд.
"Кишварҳои ҷаҳони араб, аз қабили АМА ва Қатар низ ба ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ карданд", - гуфт ӯ.
Коршинос таъкид кард, ки дар ин замина мақомоти Русия бояд барои баланд бардоштани ҷолибияти бозори меҳнати дохилӣ ва ҷалби муҳоҷирон, бахусус афроди соҳибихтисос шурӯъ кунад.
"Русия бояд барои муҳоҷирон, махсусан барои муҳоҷирони соҳибихтисос, ки ба мо муҳимтаранд, талош барад. Ин чунин маъно дорад, ки ба онҳо шароити муътадили меҳнат, музди кор, имтиёзҳои корфармо, масалан, дар шакли суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ва ғайра пешниҳод кардан лозим аст",- мегуяд Храмова.
Коршинос тавзеҳ дод, ки Чин шароити каме хубтар фароҳам меорад, аз ин рӯ, нишонаҳои аввалини афзоиши муҳоҷират ба онҷо аз Тоҷикистон аллакай мушоҳида мешавад. Илова бар ин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кишварҳои Аврупо таваҷҷӯҳи бештар доранд.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои ҷаҳони араб, бахусус Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар мехоҳанд, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ коргар гиранд.
Президент РФ В. Путин открыл движение по трассе М-12 Восток до Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2024
Путин дастур дод, мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон ҳал карда шавад
Вай бар ин назар аст, ки дар оянда ҷуғрофиёи муҳоҷират ба Русия, пеш аз ҳама, аз ҳисоби кишварҳои африқоӣ метавонад васеъ шавад. Федератсияи Русия бояд ба мутахассисони Ветнам низ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад, илова намуд номбурда.
Қаблан коршиноси умури кадрӣ Гарри Мурадян гуфта буд, ки дар Русия камбуди ҷиддии кадрҳо дар бозори меҳнат оғоз шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин афзоиши назарраси шумораи ҷойҳои холии чопшуда (аз соли 2018 то соли 2023 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст) шаҳодат медиҳад.
Иллати дигари касодии корккарон уфти қурби рубл ва пастии маош гуфта мешуд, ки муҳоҷиронро барои дарёфт ба бозорҳои дигари корӣ водор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0