Мактаби махсус барои фарзандони гурезаҳои афғонистонӣ дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Се нафар ғолибони озмуни "Устодони забони русӣ" дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ваҳдат барои кӯдакони гурезаҳои афғон дарс мегузаранд
Фарзандони паноҳҷӯёни афғон дар мактаби вижаи “Сомониён”-и Душанбе таҳсил мекунанд. Ба наздикй барои онхо барномаи махсус ба кор даромад.
Ба мактаббачагони афғонистонӣ забони русиро филологҳо аз Русия ёд медиҳанд. Барои донишҷӯён ин имконест, ки бо омӯзиши забони русӣ дар баробари тоҷикӣ ва англисӣ таҳсили беҳтарин гиранд.
Тоҷикистон кумак ба мардуми Афғонистонро идома медиҳад
Ҳарчанд қадамҳои аввал барои онҳо осон набуданд, бвале бо дастгирии фаъолонаи омӯзгорони ҷавон, кӯдакон тавонистанд забони навро бо бомуваффақият аз худ кунанд.
Барои худи муаллимон, ин на танҳо кор дар кишвари нав, балки таҷрибаи пурарзиши омӯзгорӣ низ мебошад.
"Кӯдакон одат мекунанд, чизе гуфтанӣ мешаванд ва он қадар наметарсанд, дар ду дарси аввал онҳо танҳо бо забони хориҷӣ сухан гӯш мекарданд, ҳоло пешравӣ аст, духтарон нисбат ба писарон шармгинтаранд, писарон баландтар гап мезананд. Мо аллакай ҳамдигарро фаҳмида истодаем", - гуфт омӯзгор Татяна Удалова.
Бо дастгирии Россотрудничество чунин лоиҳа дар мактаби ба номи В. Терешкова дар шаҳри Ваҳдат низ мегузарад. Дар ин ҷо муаллимони касбӣ ба даҳҳо хонандагон аз Афғонистон забони русиро меомӯзонанд.
"Барои мо аз ҳама муҳим он аст, ки иштирокчиёни лоиҳа на танҳо дар мактабу донишгоҳҳо кор кардан, балки бо мо дар як лоиҳаи иҷтимоӣ - иштирок дар дастгирии мактаби гурезаҳои афғон дар Душанбе розӣ шуданд", - гуфт Иван Иванов. сардори намояндагии Россотрудничество.
Вай афзуд, ки агар имкон бошад, пас аз анҷоми ҳузури худ дар Тоҷикистон онҳо дар интернет тамос хоҳанд дошт.
Лентаи хабарҳо
0