Вазири меҳнат гуфт, дар Тоҷикистон шумораи бекорон кам шудааст

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонГульнора Хасанзода, министр труда, миграции и занятость населения
Гульнора Хасанзода, министр труда, миграции и занятость населения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2024
Обуна шудан
Соли 2023 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 74,3 ҳазор нафар корҷӯй ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба соли 2022 10,9% кам будааст
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора Вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар охири соли 2023 дар ҷумҳурӣ 48,3 ҳазор нафарро расман ҳамчун бекор сабтином кардаанд.
Ӯ гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 9,7% кам шудааст.
Таъкид шудааст, ки мизони бекории расман ба қайд гирифташуда 1,8% қувваи кории кишварро ташкил медиҳад.
Дар ин муддат аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 74,3 ҳазор нафар корҷӯй ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 10,9% кам ва дар қиёс ба моҳи ноябри соли 2023, 2,0 фоиз зиёд будааст.
Старт посевных работ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Дар Суғд чанд нафари бекор ҷойи кор ёфт?
Ҳасанзода ҳамзамон гуфт, ки дар ин давра дар кишвар беш аз 230 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 34,2% доимӣ, 18,7% муваққатӣ ва 44,4% мавсимӣ мебошанд.
Ба таъкиди вазир, бештари ҷойҳои корӣ дар соҳаи кишоварзӣ – ҳудуди 100 ҳазор, сохтмон – беш аз 37 ҳазор ва дар бахши хизматрасонӣ – беш аз 20 ҳазор таъсис ёфтаанд.
Аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳама намуди моликият дар моҳи декабри соли 2023, 1263,2 ҳазор нафар ё 48,1 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод.
Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи декабри соли 2023 нисбат ба моҳи ноябри соли 2023-юм, 0,04 фоиз ва нисбат ба моҳи декабри соли 2022-юм, 1,5 фоиз зиёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0