https://sputnik.tj/20230711/dar-sughd-chand-nafar-bekor-joy-1058201026.html
Дар Суғд чанд нафари бекор ҷойи кор ёфт?
Дар Суғд чанд нафари бекор ҷойи кор ёфт?
Sputnik Тоҷикистон
Идораи шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд расман тавзеҳ дод, ки сатҳи бекорӣ дар минтақа чанд асту тайи ним соли охир чанд корҷӯй бо шуғл таъмин шуданд
2023-07-11T16:00+0500
2023-07-11T16:00+0500
2023-07-11T17:30+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҷой
кор
бекор кардан
таъмин ба ҷои кор
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057108835_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_bb6636926bb35b2e7278fc59141aa1b6.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд 24 ҳазор нафар барои дарёфти ҷойи кор ба идораҳои шуғл муроҷиат кардаанд. Ба иттилои идораи шуғли аҳолии Суғд, аз теъдоди умумии муроҷиаткунандаҳо 17 ҳазор нафар ҳамчун расман бекор ба қайд гирифта шуданд. Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд, Шермуҳаммад Нодирӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки аз шумораи бекорони бақайдгирифташуда, 12 ҳазор нафарашон бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор нафар зиёд мебошад. Нодирӣ афзуд, ки давоми нимсола дар шаҳру навоҳии Суғд 167 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор шуда ва дар заминаи он теъдоди бештари корҷӯён шуғл дарёфт кардаанд. Ин манбаъ таъкид намуд, ки ҳоло мизони бекорӣ дар Суғд баробар ба 1%-и аҳолии фаъол дар иқтисодиёт мебошад. Масъулони идораи шуғл мегуянд, ҳоло шуморе аз онҳое, ки барои дарёфти ҷойи кор ба ҳукумат муроҷиат кардаанд, барои дарёфти ҷойи кори мувофиқ ба марказҳои касбу ҳунар сафарбар шудаанд. Касбомӯзӣ дар чунин марказҳо ройгон гуфта мешавад. Маврид ба зикр аст, ки барои коҳиши шиддати иҷтимоӣ ва бозомӯзии афроди бекор дар Тоҷикистон, аз ҷумла - Маркази таълими калонсолон фаъолият дорад. Ба иттилои мақомоти тоҷик, Маркази таълимии калонсолон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дорои 34 филиал буда, дар 110 самт ба шаҳрвандон таълим медиҳад. Теъдоди хатмкунандаҳои давраҳои омӯзишии ин марказҳо тайи солҳои фаъолият ҳудуди ним млн нафарро ташкил дод.
https://sputnik.tj/20230711/maoshi-miyona-khatlon-somoni-1058199670.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057108835_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_65971a88dcc71ad593d6b0b4191d892a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сатҳ, бекорӣ, суғд, расман, шуғл, ним, сол
сатҳ, бекорӣ, суғд, расман, шуғл, ним, сол
Дар Суғд чанд нафари бекор ҷойи кор ёфт?
16:00 11.07.2023 (Навсозишуда: 17:30 11.07.2023) Идораи шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд расман тавзеҳ дод, ки сатҳи бекорӣ дар минтақа чанд асту тайи ним соли охир чанд корҷӯй бо шуғл таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд 24 ҳазор нафар барои дарёфти ҷойи кор ба идораҳои шуғл муроҷиат кардаанд.
Ба иттилои идораи шуғли аҳолии Суғд, аз теъдоди умумии муроҷиаткунандаҳо 17 ҳазор нафар ҳамчун расман бекор ба қайд гирифта шуданд.
Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд, Шермуҳаммад Нодирӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки аз шумораи бекорони бақайдгирифташуда, 12 ҳазор нафарашон бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Нодирӣ афзуд, ки давоми нимсола дар шаҳру навоҳии Суғд 167 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор шуда ва дар заминаи он теъдоди бештари корҷӯён шуғл дарёфт кардаанд.
Ин манбаъ таъкид намуд, ки ҳоло мизони бекорӣ дар Суғд баробар ба 1%-и аҳолии фаъол дар иқтисодиёт мебошад.
Масъулони идораи шуғл мегуянд, ҳоло шуморе аз онҳое, ки барои дарёфти ҷойи кор ба ҳукумат муроҷиат кардаанд, барои дарёфти ҷойи кори мувофиқ ба марказҳои касбу ҳунар сафарбар шудаанд. Касбомӯзӣ дар чунин марказҳо ройгон гуфта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки барои коҳиши шиддати иҷтимоӣ ва бозомӯзии афроди бекор дар Тоҷикистон, аз ҷумла - Маркази таълими калонсолон фаъолият дорад.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, Маркази таълимии калонсолон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дорои 34 филиал буда, дар 110 самт ба шаҳрвандон таълим медиҳад. Теъдоди хатмкунандаҳои давраҳои омӯзишии ин марказҳо тайи солҳои фаъолият ҳудуди ним млн нафарро ташкил дод.