Дар Тоҷикистон аз хатари фаромадани тарма ҳушдор доданд

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSРабота техники на трассе Душанбе - Чанак
Работа техники на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2024
Обуна шудан
Ҳавошиносон аз хатари фаромадани тарма дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон огоҳӣ доданд, наҷотдиҳандагон аз сокинон даъват мекунанд, ки ҳушёр бошанд.
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Рӯзҳои наздик хатари фаромадани тарма дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво аз 12 то 14 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хатари тармафароӣ дар назар аст.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, дар аксари манотиқ бориши борон ва барф дар назар аст.
Дар роҳҳое, ки аз навоҳии куҳсор мегузаранд, яхбандӣ ба амал меояд.
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Шерализода гуфт, чанд фисади пешгӯии ҳавосанҷони тоҷик дар соли 2023 дуруст буд
Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва навоҳии кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма ҳамчунон боқӣ монда, ҳушдор то 14 феврал бо назардошти он идома меёбад.
Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидории зимистона дар ин минтақаҳо худдорӣ кунанд.
Хангоми дар роҳҳои куҳӣ ҳаракат кардан дар байни мошинҳо масофаро назар ба ҳолати муқаррарӣ дарозтар нигоҳ доштан лозим аст, зеро масофаи нигоҳдорӣ (тормоз кардан) дар роҳҳои лағжон хеле зиёд мешавад.
Лентаи хабарҳо
0