https://sputnik.tj/20240213/raisi-barqi-tojik-guft-charo-limit-az-bayn-naraft-1061675685.html
Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, чаро "лимит" аз байн нарафт
Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, чаро "лимит" аз байн нарафт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки сабаби маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон афйзоиши талабот ва камобӣ дар обанбори "Норак" аст
2024-02-13T15:28+0500
2024-02-13T15:28+0500
2024-02-13T19:14+0500
дар тоҷикистон
"барқи тоҷик"
лимити барқ
қувваи барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1d/1031651668_0:274:3072:2002_1920x0_80_0_0_52d2bd2c093b1736eec73d303710e2a4.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад.Ин нуктаро раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.Ӯ афзуд, ки бинобар афзоиши талаботи рӯзафзуни истифодаи барқ дар дохили кишвар номуттавозинӣ дар истифода ва истеҳсолотро пеш меоварад.Ба гуфтаи Асозода, дар давраи тирамоҳу зимистон талаботи аҳолии кишвар ба нерӯи барқ бамаротиб меафзояд ва чунин вазъ 7 моҳ, яъне аз октябр то апрел давом мекунад.Вай таъкид кард, ки дар фасли гамро бо зиёд шудани об нерӯгоҳҳои кишвар тавони пурраи таъмини аҳолиро доранд. Зеро он ягона манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ мебошад.Ахиран Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум "суръати рушди иқтисод" дар кишвар хонд.Ба гуфти вазир, афзоиши аҳолӣ низ талабот дар ҷумҳурӣ ба неруи барқро афзун кардааст ва бар замми ин вазъияти камборишии тирамоҳу зимистони равон низ ба он таъсир расонидааст.Маҳдудияти барқрасонӣ дар ҷумҳурӣ аз 28 сентябри соли 2023 амал мекунад. Он замон ширкати “Барқи Тоҷик” дар изҳороте гуфт, ки дар обанбори Норак “то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст, "вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст".Тибқи додаҳои ширкат дар соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба 21, млрду 861,3 млн. кВт. расидааст.Ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои соли 2023 дар ҳаҷми 178, 8 млн. кВс ва нисбат ба соли 2022 -юм 462,3 млн. кВс. ё 22% зиёд будааст.Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория расидааст, ки нисбат ба дурнамои солона 285, 7 ҳазор Гкал ё 23, 2% кам будааст.
https://sputnik.tj/20240201/tojikiston-khorij-barq-sodir-1061503385.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1d/1031651668_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_9e6b89af13e0717af6de616902167fa9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раис "барқи тоҷик" "лимит" тоҷикистон
раис "барқи тоҷик" "лимит" тоҷикистон
Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, чаро "лимит" аз байн нарафт
15:28 13.02.2024 (Навсозишуда: 19:14 13.02.2024) Раиси ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки сабаби маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон афзоиши талабот ва камобӣ дар обанбори "Норак" аст
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад.
Ин нуктаро раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки бинобар афзоиши талаботи рӯзафзуни истифодаи барқ дар дохили кишвар номуттавозинӣ дар истифода ва истеҳсолотро пеш меоварад.
Ба гуфтаи Асозода, дар давраи тирамоҳу зимистон талаботи аҳолии кишвар ба нерӯи барқ бамаротиб меафзояд ва чунин вазъ 7 моҳ, яъне аз октябр то апрел давом мекунад.
"Дар ин муддат вобаста ба ҳаҷми резиши об ва муқаррар намудани сатҳи обанбор, ки захираи об истифода мешавад, ҳаҷми истеҳсоли барқ муаян карда мешавад. Албатта ҳаҷми истеҳсоли барқ дар ин давра барои рӯйпӯш намудани ҳаҷми зарурии истифодаи барқ дар дохил басанда нест",- афзуд раиси "Барқи тоҷик".
Вай таъкид кард, ки дар фасли гамро бо зиёд шудани об нерӯгоҳҳои кишвар тавони пурраи таъмини аҳолиро доранд. Зеро он ягона манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Ахиран Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум "суръати рушди иқтисод" дар кишвар хонд.
Ба гуфти вазир, афзоиши аҳолӣ низ талабот дар ҷумҳурӣ ба неруи барқро афзун кардааст ва бар замми ин вазъияти камборишии тирамоҳу зимистони равон низ ба он таъсир расонидааст.
Маҳдудияти барқрасонӣ дар ҷумҳурӣ аз 28 сентябри соли 2023 амал мекунад. Он замон ширкати “Барқи Тоҷик” дар изҳороте гуфт, ки дар обанбори Норак “то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст, "вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст".
Тибқи додаҳои ширкат дар соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба 21, млрду 861,3 млн. кВт. расидааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои соли 2023 дар ҳаҷми 178, 8 млн. кВс ва нисбат ба соли 2022 -юм 462,3 млн. кВс. ё 22% зиёд будааст.
Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория расидааст, ки нисбат ба дурнамои солона 285, 7 ҳазор Гкал ё 23, 2% кам будааст.