https://sputnik.tj/20240201/tojikiston-khorij-barq-sodir-1061503385.html
Тоҷикистон ба хориҷ чӣ қадар барқ содир кард?
Тоҷикистон ба хориҷ чӣ қадар барқ содир кард?
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Брешнои Афғонистон" ҳама уҳдадориҳои қарзияш дар назди “Барқи тоҷик” иҷро кард, мегӯяд Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон
2024-02-01T11:59+0500
2024-02-01T11:59+0500
2024-02-01T12:12+0500
дар тоҷикистон
"барқи тоҷик"
афғонистон
нерӯи барқ
интиқоли барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687726_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_251ec9389f0e896198bf451b013bf496.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев— Sputnik. Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷиро дар соли 2023 коҳиш додааст. Дар ин бора аз додаҳои вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, дар нишасти матбуотияш бармеояд.Ба иттилои ӯ дар ин давра ҷумҳурӣ ба хориҷ 2,7 млрд кв соат соат нерӯи барқ содир кардааст.Аммо ӯ, маблағи аз фурӯш ба даст омадаро сирри тиҷоратӣ хонду нагуфт ва таъкид кард, ки нерӯ бар асоси нархгузориҳои тасдиқшуда дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон фурӯхта мешавад.Ин дар ҳолест, ки Агентии омори кишвар фурӯши барқи тоҷикро ба хориҷ дар соли 2022 ҳудуди 3,4 млрд кв соат гуфта буд, ки даромад аз он 106 млн доллар шудааст.Ӯ изҳор дошт, ки харидорони асосии бар тоҷикистон Ӯзбекистон, Афғонистон ва камобеш Қазоқистон мебошад.Вазири энергетика таъкид кард, ки содироти барқ хусусияти мавсимӣ дорад ва дар давраи серобӣ, ки аҳолии кишвар бо барқи доимӣ таъмин мешавад, қисмати зиёдатии он ба хориҷ фурӯхта мешавад.Вай афзуд, ки ҳиссаи ночизе, ки ҳоло содир мешавад, сифр ҳадафи техникӣ дорад.Далер Ҷумъа дар идома гуфт, ки ширкати "Брешнои Афғонистон" ҳама уҳдадориҳои қарзияш дар назди “Барқи тоҷик” иҷро карда, ҳоло миёни ширкатҳо ягон мушкили тиҷорӣ вуҷуд надорад.
https://sputnik.tj/20240130/tijorati-tojikiston-bo-tolibon--arqomu-voqeiyatho-1061473737.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687726_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_73fbd0cb820640d82ebc5c86ff9e0ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, "барқи тоҷик", афғонистон, нерӯи барқ, интиқоли барқ
дар тоҷикистон, "барқи тоҷик", афғонистон, нерӯи барқ, интиқоли барқ
Тоҷикистон ба хориҷ чӣ қадар барқ содир кард?
11:59 01.02.2024 (Навсозишуда: 12:12 01.02.2024) Ширкати "Брешнои Афғонистон" ҳама уҳдадориҳои қарзияш дар назди “Барқи тоҷик” иҷро кард, мегӯяд Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 1 фев— Sputnik. Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷиро дар соли 2023 коҳиш додааст.
Дар ин бора аз додаҳои вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, дар нишасти матбуотияш бармеояд.
Ба иттилои ӯ дар ин давра ҷумҳурӣ ба хориҷ 2,7 млрд кв соат соат нерӯи барқ содир кардааст.
Аммо ӯ, маблағи аз фурӯш ба даст омадаро сирри тиҷоратӣ хонду нагуфт ва таъкид кард, ки нерӯ бар асоси нархгузориҳои тасдиқшуда дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон фурӯхта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Агентии омори кишвар фурӯши барқи тоҷикро ба хориҷ дар соли 2022 ҳудуди 3,4 млрд кв соат гуфта буд, ки даромад аз он 106 млн доллар шудааст.
Ӯ изҳор дошт, ки харидорони асосии бар тоҷикистон Ӯзбекистон, Афғонистон ва камобеш Қазоқистон мебошад.
Вазири энергетика таъкид кард, ки содироти барқ хусусияти мавсимӣ дорад ва дар давраи серобӣ, ки аҳолии кишвар бо барқи доимӣ таъмин мешавад, қисмати зиёдатии он ба хориҷ фурӯхта мешавад.
Вай афзуд, ки ҳиссаи ночизе, ки ҳоло содир мешавад, сифр ҳадафи техникӣ дорад.
Далер Ҷумъа дар идома гуфт, ки ширкати "Брешнои Афғонистон" ҳама уҳдадориҳои қарзияш дар назди “Барқи тоҷик” иҷро карда, ҳоло миёни ширкатҳо ягон мушкили тиҷорӣ вуҷуд надорад.