Тилофурӯшӣ барои ҷилавгирии долларишавӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкЗолотые слитки
Золотые слитки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барои коҳиш додани талабот ба доллар ва танзими пули нақд сабикаҳои тиллоӣ ба муомилот бароварда шудааст, изҳор медоранд масъулин
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд сабикаҳои ченакии тиллоиро дар вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 гр бо пули миллӣ харидорӣ намоянд.
Роҳбари минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд, Наврӯз Алиев, гуфт, ин иқдом бо мақсади танзими пули нақд дар муомилоти бозорӣ ва пешгирӣ аз долларшавӣ ба роҳ монда шудааст.
“Сабикаҳои тиллоӣ ва тангаҳои нуқрагине, ки ба мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ сикказанӣ гардидааст. Барои харидории чунин молҳои қиматбаҳо ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст”, – гуфт Алиев.
Здание Амонатбанка Дангаринском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2024
Дороии "Амонатбонк"-у ҳаҷми қарздиҳияш зиёд шудаст
Бино ба гуфти масъулини Бонки миллӣ, сабикаҳои тилоӣ дар корхонаи “Металург технолоҷи Эссеяи Шветсария” омода карда шуда, дорои сифати байналмиллалии “good delivery” мебошад.
Хариддории он дар шуъбаҳои Бонки миллӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Нархи фурӯши сабикаҳо ҳамарӯза дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи нархномаи Асоссиатсияи бозори металҳои қиматбаҳои Лондон бо қурбӣ сомонӣ нашр карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0