Аз раиси нави суди Суғд то Кӯлобу ВМКБ: вазифагирии 23 додрас дар Тоҷикистон

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон назначает судей
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон назначает судей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти додгоҳии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дода, 23 додраси навро дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Раиси додгоҳи Хуҷанд, Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз ин мақом барканор шуда, ба вазифаи раиси суди вилояти Суғд таъйин гардид.
Бо фармони президенти Тоҷикистон, собиқ раиси суди ноҳияи Ҷайҳун, Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон раиси суди шаҳри Кӯлоб шуд. Раиси суди Ҷайҳун Нурализода Сафарбек Маҷид шуд, ки то ҳол муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд.
Инчунин Сафарзода Диловар Амиралӣ раиси суди ноҳияи Панҷ, Саидшозода Зафар Сафаралӣ раиси суди ноҳияи Муъминобод, Сангинзода Ғайрат раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Бурҳониён Маъруфҷон раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, Кабирзода Сарфароз Мизроб раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарифзода Рудоба Ҳомиддин раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе шуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Як сол муҳлат, баъд чора андешида мешавад: Ҳушдори Раҳмон ба хизматчиёни давлатӣ
Раҳмон Ҷурахон Қурбоналӣ мақоми муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд, Аҳмадзода Акрам раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд , Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин муовини раиси суди вилояти Суғд, Абдуғафорӣ Анварҷон судяи суди ВМКБ, Пирумшозода Бахтиёр Улфатшо судяи суди ноҳияи Ванҷ, Искандарзода Шаҳриёр судяи суди вилояти Суғд таъйин гардид.
Мирзозода Собир Зайдулло ва Муқимӣ Анис Аминзод судяҳои суди шаҳри Душанбе, Шарифзода Саидхоҷа Шарифхоҷа, судяи суди шаҳри Роғун, Ширинзода Джурабек муовини раиси суди шаҳри Ҳисор, Эркинзода Отабек судяи суди ноҳияи Ашт, Абдуллозода Шерзод судяи суди ноҳияи Зафаробод, Иброҳимзода Исроил Исмоил судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва Назри Муҳаммадвали судяи суди ВМКБ шуд.
Лентаи хабарҳо
0