Путин дастур дод, мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон ҳал карда шавад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин открыл движение по трассе М-12 "Восток" до Казани
Президент РФ В. Путин открыл движение по трассе М-12 Восток до Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2024
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия дастур дод, ки пешниҳодҳо дар мавриди ҳалли мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирони корӣ дар мактабҳо омода шавад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар Русия то 1 июли соли 2024 бояд барои мутобиқ кардани кӯдакони муҳоҷир ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ пешниҳодҳо таҳия кунад.
Ин дастурро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин додааст, хабар медиҳад сомонаи Кремл.
Ин супоришро ҳукумати Русия дар якҷоягӣ бо дастгоҳи президент, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон ва Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон омода мекунад.
Путин интизори пешниҳодҳо дар бораи мутобиқсозии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва забонии кӯдакони муҳоҷирон аст.
Нахуствазир Михаил Мишустин, раиси дастгоҳи президент Антон Вайно, омбудсмени кӯдакон Мария Лвова-Белова ва раиси Шӯрои ҳуқуқи башар Валерий Фадеев масъули иҷрои ин тарҳ таъйин шуданд.
Россотрудничество дар шаҳри Турсунзода маркази истеъдодҳо ё худ зарфиятҳо кушод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2023
Ифтитоҳи нахустин маркази зарфиятҳои "Россотрудничество" дар Тоҷикистон - видео
Қаблан Путин гуфта буд, ки вонамуд кардан мумкин нест, ки мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирони корӣ вуҷуд надорад.
Вай зикр кард, ки талабагон бояд дар мактабҳои русӣ таҳсили шоиста бигиранд, аммо ин набояд дар сурати тафовути зиёд дар сатҳи омодагӣ боиси бад шудани сифати таҳсили донишҷӯёни дигар шавад.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон забони русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар намуда, ҳамчунин барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро, ки барои таҳсил дар тамоми мактабҳо ҳатмӣ аст, тасдиқ шудаст.
Лентаи хабарҳо
0