Тағйири қонун: Кӯдакон дар Тоҷикистон метавонанд зидди волидон ба мақомот шикоят кунанд

CC0 / Pxhere / Одинокий ребенок на улице, архивное фото
Одинокий ребенок на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2024
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак мавриди амал қарор гирифтанд, ки насли хурдсолро аз ҳимояти бештар бархӯрдор мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Кӯдаке, ки ақидаҳои худро мустақилона ифода карда метавонад, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти васоят ва парасторӣ, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ бевосита муроҷиат намояд.
Ин нукта дар моддаи нави қонун дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, ки ахиран мавриди амал қарор гирифт таъкид шудааст.
Дар қонун таъкид шудааст, ки нисбат ба кӯдак истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ манъ аст.
Перинатальный центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Таваллуди кӯдак дар Суғд кам шудаасту фавт зиёд
Зикр шудааст, ки ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба нигоҳубин, тарбия ва таълими кӯдак аз ҷониби падару модар ё ҳангоми суиистифода аз ҳуқуқҳояшон, кӯдак метавонад ба мақомот муроҷиат кунад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки кӯдаконе, ки ақидаҳои худро мустақилона ифода карда метавонад, бевосита аз ин ҳуқуқ бархӯрдоранд.
"Ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида вобаста ба синну сол маҳдуд карда намешавад. Ба кӯдак дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконият дода шавад, ки фикри худро дар шакле, ки ӯ мехоҳад, баён кунад", - омадааст дар иттилоия.
Тағйирот дар ҳолеянд, ки қаблан ба шабакаҳои иҷтимоӣ бархе наворҳои зӯроварӣ нисбати кӯдакон аз ҷониби волидон роҳ ёфтанд, ки боиси сару садо гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0