https://sputnik.tj/20240210/khf-tojikiston-barnoma-sos-rohandozi-foida-1061641039.html
КҲФ Тоҷикистон барномаи "SOS"-ро роҳандозӣ мекунад: чӣ фоида дорад?
КҲФ Тоҷикистон барномаи "SOS"-ро роҳандозӣ мекунад: чӣ фоида дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барномаи вижаеро роҳандозӣ хоҳанд кард, ки маълумот дар бораи хатарҳо ва огоҳии омодабошии шаҳварндон ба онро боло мебарад
2024-02-10T13:04+0500
2024-02-10T13:04+0500
2024-02-12T11:14+0500
кҳф
дар тоҷикистон
хатар
огоҳӣ аз хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032631202_0:155:2937:1807_1920x0_80_0_0_b25d9752d08939e015b8e3e7cb0ab34e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон барномаи мобилии "SOS"-ро роҳандозӣ хоҳад кард, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои он кумаки самаранок ба аҳолӣ дар вазъияти фавқулода мебошад.Ба гузориши дафтари матбуоти ин ниҳод, барномаро мутахассисони КҲФ дар якҷоягӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таҳия намуданд.Дар ҳоли ҳозир раванди санҷиш идома дорад, ки баъдан онро ҳар як соҳиби смартфони муосир дар асоси системаҳои оператсионии Android ва IOS насб карда метавонад. Гуфта мешавад, ки ба корбарони барнома дигар лозим нахоҳад буд, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба саволҳои худ аз манобеи дигар ҷавоб ҷӯянд, зеро он ҳамеша рӯи дастанд. Таъкид шудааст, ки ин барнома як воситаи беҳтарин барои таълими асосҳои рафтори бехатар, вокуниши зуд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва гирифтани иттилооти муосир дар ҳолатҳои муҳим мебошад. Хусусиятҳои асосии барнома маводи таълимӣ, маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои бехатарӣ мебошанд, ки аз ҷониби коршиносони ҳолати фавқулодда таҳия шудаанд. "Ин барнома дорои огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, огоҳиҳои фаврӣ дар бораи тағирёбии обу ҳаво ва ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ аз рӯи минтақа мебошад",- афзудааст манбаъ. КҲФ мегӯяд, ин барнома барои ҳама категорияҳои синну сол бо забони хеле дастрас ва содда тарҳрезӣ шуда, имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро зуд пайдо ва огоҳинома гирифт. ""SOS" танҳо як барнома нест, он ёвари шахсии шумо дар омӯзиш ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Бо "SOS" шумо ҳамеша як қадам пеш хоҳед буд ва амнияти ҳадди аксарро барои худ ва наздикони худ таъмин мекунед",- гуфтааст ниҳоди маскур.
https://sputnik.tj/20240130/qurboni-khf-sel-panj-khona-zamin-zer-1061474682.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032631202_161:0:2776:1961_1920x0_80_0_0_cfd4f86242acab001aede7d4125116ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф тоҷикистон барнома "sos"роҳандозӣ фоида
кҳф тоҷикистон барнома "sos"роҳандозӣ фоида
КҲФ Тоҷикистон барномаи "SOS"-ро роҳандозӣ мекунад: чӣ фоида дорад?
13:04 10.02.2024 (Навсозишуда: 11:14 12.02.2024) Дар Тоҷикистон барномаи вижаеро роҳандозӣ хоҳанд кард, ки маълумот дар бораи хатарҳо ва огоҳии омодабошии шаҳрвандон ба онҳоро боло мебарад
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон барномаи мобилии "SOS"-ро роҳандозӣ хоҳад кард, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои он кумаки самаранок ба аҳолӣ дар вазъияти фавқулода мебошад.
Ба гузориши дафтари матбуоти ин ниҳод, барномаро мутахассисони КҲФ дар якҷоягӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таҳия намуданд.
Дар ҳоли ҳозир раванди санҷиш идома дорад, ки баъдан онро ҳар як соҳиби смартфони муосир дар асоси системаҳои оператсионии Android ва IOS насб карда метавонад.
Гуфта мешавад, ки ба корбарони барнома дигар лозим нахоҳад буд, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба саволҳои худ аз манобеи дигар ҷавоб ҷӯянд, зеро он ҳамеша рӯи дастанд.
"Маълумоте, ки дар нармафзор мавҷуд аст, ба шумо кӯмак мекунад, ки дар ҳолатҳои душвор истифода ва самаранок амал кунед. Замимаи мобилии SOS як ҳалли ҳамаҷониба барои беҳтар кардани бехатарӣ ва омодагии шумо ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад",- афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки ин барнома як воситаи беҳтарин барои таълими асосҳои рафтори бехатар, вокуниши зуд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва гирифтани иттилооти муосир дар ҳолатҳои муҳим мебошад.
Хусусиятҳои асосии барнома маводи таълимӣ, маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои бехатарӣ мебошанд, ки аз ҷониби коршиносони ҳолати фавқулодда таҳия шудаанд.
"Ин барнома дорои огоҳиҳои саривақтӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, огоҳиҳои фаврӣ дар бораи тағирёбии обу ҳаво ва ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ аз рӯи минтақа мебошад",- афзудааст манбаъ.
КҲФ мегӯяд, ин барнома барои ҳама категорияҳои синну сол бо забони хеле дастрас ва содда тарҳрезӣ шуда, имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро зуд пайдо ва огоҳинома гирифт.
""SOS" танҳо як барнома нест, он ёвари шахсии шумо дар омӯзиш ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Бо "SOS" шумо ҳамеша як қадам пеш хоҳед буд ва амнияти ҳадди аксарро барои худ ва наздикони худ таъмин мекунед",- гуфтааст ниҳоди маскур.