Қурбонӣ надошт: КҲФ гуфт, сел дар Панҷ хонаву заминҳоро зер кард

© Foto / Хадамоти матбуоти КҲФ ТоҷикистонВ Пянджском районе Хатлонской области сошли сели
В Пянджском районе Хатлонской области сошли сели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2024
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи корӣ фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расида ва ёриҳои эҳтимолӣ ба зарардидагонро мушаххас мекунад
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бар асари боронҳои шадид дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел ба хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон даромадааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти КҲФ хабар дода, мегӯяд, ки ҳодиса шаби 29 ба 30 январ тахминан соати 01:40 сар зада, хушбахтона талафоти ҷонӣ надошт.
Ба иттилои манбаъ, офати табиӣ ба сокинон ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи “10-солагии Ваҳдат”, Кабут Сайфутдинови ноҳия зарар расондааст.
© Foto / Пресс-служба КЧС ТаджикистанаВ Пянджском районе Хатлонской области сошли сели
В Пянджском районе Хатлонской области сошли сели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2024
В Пянджском районе Хатлонской области сошли сели
Гуфта мешавад, ки дар ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи “10-солагии Ваҳдат” сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 заминҳои наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст.
Дар ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, деҳаи Пахтакор аз селроҳаи Шураксой сел омада, ба 10 хонаи истиқоматӣ ва 33 заминҳои наздиҳавлигӣ даромадааст.
Ҳамчунин дар ин минтақа 36,6 га заминҳои хоҷагии деҳқонӣ зери обу лойқа мондааст.
"Дар ҷамоати Озодагон, деҳаи Отчопар сатҳи канали Келенчи-2 баланд гардида, оби он ба 2 хонаи истиқоматӣ ва маҳаллаи Қушқия ба 6 хонаи истиқоматӣ ва 2 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа ворид карда, қисман зарар расонидааст",- афзудааст КҲФ.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи корӣ фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расида ва ёриҳои эҳтимолӣ ба зарардидагонро мушаххас мекунад.
Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 4-уми феврали соли равон дар саросари кишвар ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳову лағзиши тарма ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо боқӣ мемонад.
Заснеженная трасса Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2024
Сардиву яхбандӣ: ҳушдор аз идомаи ҳавои ноустувор дар Тоҷикистон
Дар робита ба ин Кумита аз сокинон дархост кардааст, ки дар чунин рӯзҳои аз сафарҳои безарурат ба маконҳои дигар, рафтан ба домакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикор, моҳидорӣ ба соҳили рӯду каналҳо ва чорвочаронӣ дар дашту биёбонҳо худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯву каналҳои маҳалли зисти худро аз ҳар гуна селовардаҳову сангу рег тоза кунанд.
Лентаи хабарҳо
0