Раиси Кумитаи замин гуфт, чӣ метавонад мардумро аз давлат норозӣ кунад

© Sputnik / Амир ИсаевГлава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2024
Обуна шудан
Талаю тороҷи замин, ки қаблан гуфта мешуд, махсусан дар ноҳияи Рӯдакӣ авҷ гирифта буд, баъди таъйини раиси нав аз ҳисоби прокурор қариб хотима дода шудаст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Талаю тороҷи замин солҳои охир қариб аз байн бардошта шуда, ҳолатҳои қонуншикании солҳои қаблӣ омӯхта хоҳанд шуд.
Дар ин бора раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода иттилоъ дода, илова намуд, ки аз ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ баъди таъйини раиси нав, ки пеш муовини прокурори генералӣ буд, корҳо ҷоннок гардиданд.
Ӯ афзуд, ки аз солҳои қаблӣ ҳолатҳое ҷой доранд, ки бо санади ғайриқонуние замин гирифтаанду хона кардаанду иқомат доранд.
Ба гуфтаи раис, масъулин феҳрасти заминҳои ғасбшуда, хонаҳои бунёдгардида ва заминҳои озод дар ноҳияи Рӯдакиро сабт кардаанду ба ҳукумат пешниҳод мекунад.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
Баъди омадани прокурор ба раисӣ дар Рӯдакӣ: раиси ҷамоати Сарикиштӣ дастгир шуд
Хоҷазода илова намуд, ки то чӣ қадар имконият аст, бартараф карда истодаанду ҳолатҳои нави гирифтани ғайриқонунии заминро пешгирӣ карда истодаанд.
"Куҷо ҳолатҳое мебинем, ғайриқонунӣ бошад, мо омодаем саривақт ошкор кунему саривақт бартараф кунем. Намонем мардумро фиреб кунанд, санадҳои ғайриқонунӣ диҳанд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки вақте шаҳрвандон сохтмон карданду дар хона иқомат доранд, мушкил дучанд мешавад.
"Вақте вай сохтмон мекунад, мо рафта бартараф кунем агар, аз давлату давлатдорӣ норозигӣ мекунад", - илова намуд Хоҷазода.
Вай таъкид намуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон низ ҳаминро дар назар дорад, ки пайваста таъкид мекунад, ки саривақт сохторҳо дар маҳал нигоҳ намекунанду бартараф намесозанд.
Ошкорсозии қонуншиканиҳо дар соҳаи замин дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Соли гузашта беш аз 13,4 ҳазор ҳолати нақзи қонунгузории замин сабтшудаст, ки нисбат ба соли 2022 беш аз 800 ҳолат зиёд аст, иттилооъ дод Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0