https://sputnik.tj/20230213/bozdosht-rais-jamoati-sarikishti-zaminfurushi-1054876512.html
Баъди омадани прокурор ба раисӣ дар Рӯдакӣ: раиси ҷамоати Сарикиштӣ дастгир шуд
Баъди омадани прокурор ба раисӣ дар Рӯдакӣ: раиси ҷамоати Сарикиштӣ дастгир шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи таъйини ноиби аввали додситони кулли Тоҷикистон ба мақоми раисӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гузориш аз мақомдори баландпояи ин ноҳия хабар дод
2023-02-13T16:25+0500
2023-02-13T16:25+0500
2023-02-13T16:25+0500
дар тоҷикистон
замин
фурӯш
рӯдакӣ
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d73776bbb044b07d833c1aa10a938b22.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Раиси ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ барои порагирию харидуфурӯши ғайриқонунии замин дастгир шудааст. Дар ин бора Ожонси зиддин фасоди Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки муттаҳам аз як корафтода барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 10 ҳисса ба сифати пора 17 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Манбаъ тавзеҳ дод, ки раиси ҷамоат дар ду ҳолат 12 ҳазор сомониро гирифта, овардани маблағи боқимондаро талаб кардааст. Муаттаҳам ҳангоми аз шаҳрванд гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардад. Таъкид шудааст, ки парванда алайҳи дастгиршуда бо иттиҳоми порагирӣ ба додгоҳ ирсол шуд. Нашри ин гузориш дар ҳолест, ки моҳи қабл Ҳикматуллозода Абдуғаффор аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон озод шуда, раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид.Таъйини прокурори собиқадор ба вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон муомилоти ғайриқонунӣ бо заминро дар ин ноҳия аз мушкилоти ҷиддӣ арзёбӣ намуда буд.
https://sputnik.tj/20220816/mansabdor-istaravshan-zaminfurushi-bozdosht-1050763496.html
рӯдакӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_4230a5d01a2f12f9d38fed037f54ceba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, раис, ҷамоат, ноҳия, рӯдакӣ, заминфурӯшӣ
боздошт, раис, ҷамоат, ноҳия, рӯдакӣ, заминфурӯшӣ
Баъди омадани прокурор ба раисӣ дар Рӯдакӣ: раиси ҷамоати Сарикиштӣ дастгир шуд
Дар пайи таъйини ноиби аввали додситони кулли Тоҷикистон ба мақоми раисӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гузориш аз мақомдори баландпояи ин ноҳия хабар дод
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Раиси ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ барои порагирию харидуфурӯши ғайриқонунии замин дастгир шудааст.
Дар ин бора Ожонси зиддин фасоди Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки муттаҳам аз як корафтода барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 10 ҳисса ба сифати пора 17 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки раиси ҷамоат дар ду ҳолат 12 ҳазор сомониро гирифта, овардани маблағи боқимондаро талаб кардааст.
Муаттаҳам ҳангоми аз шаҳрванд гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағ ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардад.
Таъкид шудааст, ки парванда алайҳи дастгиршуда бо иттиҳоми порагирӣ ба додгоҳ ирсол шуд.
Нашри ин гузориш дар ҳолест, ки моҳи қабл Ҳикматуллозода Абдуғаффор аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон озод шуда, раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид.
Таъйини прокурори собиқадор ба вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон муомилоти ғайриқонунӣ бо заминро дар ин ноҳия аз мушкилоти ҷиддӣ арзёбӣ намуда буд.