https://sputnik.tj/20240208/tahlilgar-burd-iiao-ziyod-dastrasi-omma-1061610867.html
Таҳлилгар: Бурд аз ИИАО ба ҳаддест, ки ИМА ва Аврупо ҳеч гоҳ дода наметавонанд - видео
Таҳлилгар: Бурд аз ИИАО ба ҳаддест, ки ИМА ва Аврупо ҳеч гоҳ дода наметавонанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Беҳбуди некӯаҳволии кишварҳое, ки ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё вориданд, ҳам дар сатҳи коршиносӣ ва ҳам дар сатҳи сокинон баръало эҳсос мешавад, гуфт коршинос
2024-02-08T18:35+0500
2024-02-08T18:35+0500
2024-02-08T18:36+0500
ииао
коршинос
таҳлил
иттиҳоди иқтисодии уросиё
иттилоот
таҳсил
сармоя
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/08/1061611712_0:0:1278:719_1920x0_80_0_0_5e0087060c3dc3440b51ebe5fe2fe1cd.jpg
Русия ҳам амниятро таъмин мекунад ва ҳам ҳиссаи ҳамкории иқтисодӣ ва маблағгузориҳоро дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруоОсиё вусъат медиҳад, изҳор дошт мудири маркази таҳлилии "Тасмимҳои оқилона", Эсен Усубалиев. "Агар қаблан чунин мепиндоштанд, ки Русия танҳо барои амнияти фазои Авруосиё масъул аст ва Чин аз ҷиҳати иқтисодӣ бартарӣ дорад, ҳоло ин ду мафҳум баробар ба назар мерасанд, зеро Русия ҳам амниятро таъмин мекунад ва ҳам ҳиссаи ҳамкории иқтисодиро", - гуфт таҳлилгар. Вай афзуд, ки беҳбуди кишварҳои ИИАО ҳам дар сатҳои коршиносон ва ҳам дар сатҳи ом эҳсос мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар сатҳи онҳое, ки воқеан дар Русия кор мекунанд, таҳсил мекунанд, миёни наздиконашон ин огоҳӣ вуҷуд дорад. "Донишҷӯ метавонист огоҳӣ диҳад, ман идрорпулӣ мегирам, хобгоҳ дорам, ба ман аз ҳисоби ҷойҳои буҷавӣ ҷой доданд, ман дар яке аз донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунам ва имкони маълумот гирифтан дорам, чунин шонсе, ки ба ман дар ИМА ё Аврупо дода наметавонанд", - гуфт Усубалиев. Ба гуфтаи коршинос, ҳоло бисёре аз насли ҷавонони имрӯза кӯшиш мекунанд, ки ба Русия раванд ва инро дар мисоли навбатҳо дар "Россотрудничество" метавон дид. Коршинос дар бораи рушди ҳамкориҳои ИИАО ва Осиёи Марказӣ - видео"Ман фикр мекунам, ки аз ҷумла барои Русия хуб мебуд, ки бештар ба сиёсати иттилоотии муосир, ки ҷавонон онро мепазиранд, сармоягузорӣ кунад. Чунки муносибатҳои байни мамлакатҳоямонро дар оянда маҳз ҷавонон ташаккул хоҳанд дод", - зикр намуд таҳлилгард. Вай таъкид кард, ки ҳар қадаре, ки мо барои тавсифи таҷрибаи мусбӣ, ҳамкориҳоямон, таҷрибаи хуби имкониятҳое, ки ҳоло Русия барои ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фазои Авруосиё фароҳам меорад, сармоягузорӣ кунем, он қадар хуб мешаваду дар оянда ҳама аз ин баҳра хоҳанд бурд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/08/1061611712_135:0:1094:719_1920x0_80_0_0_33f3a8dacbae35b2ed81dac810c89f80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, коршинос, бурд, таҳлилгар, коршинос
видео, коршинос, бурд, таҳлилгар, коршинос
Таҳлилгар: Бурд аз ИИАО ба ҳаддест, ки ИМА ва Аврупо ҳеч гоҳ дода наметавонанд - видео
18:35 08.02.2024 (Навсозишуда: 18:36 08.02.2024) Беҳбуди некӯаҳволии кишварҳое, ки ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё вориданд, ҳам дар сатҳи коршиносӣ ва ҳам дар сатҳи сокинон баръало эҳсос мешавад, гуфт коршинос
Русия ҳам амниятро таъмин мекунад ва ҳам ҳиссаи ҳамкории иқтисодӣ ва маблағгузориҳоро дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруоОсиё вусъат медиҳад, изҳор дошт мудири маркази таҳлилии "Тасмимҳои оқилона", Эсен Усубалиев.
"Агар қаблан чунин мепиндоштанд, ки Русия танҳо барои амнияти фазои Авруосиё масъул аст ва Чин аз ҷиҳати иқтисодӣ бартарӣ дорад, ҳоло ин ду мафҳум баробар ба назар мерасанд, зеро Русия ҳам амниятро таъмин мекунад ва ҳам ҳиссаи ҳамкории иқтисодиро", - гуфт таҳлилгар.
Вай афзуд, ки беҳбуди кишварҳои ИИАО ҳам дар сатҳои коршиносон ва ҳам дар сатҳи ом эҳсос мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар сатҳи онҳое, ки воқеан дар Русия кор мекунанд, таҳсил мекунанд, миёни наздиконашон ин огоҳӣ вуҷуд дорад.
"Аммо мушкил дар он аст, ки ин маълумот дар сатҳи одӣ на ҳамеша ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад, ки дар он ҷо дар мисоли донишҷӯ, ки барои таҳсил ба Русия рафтааст, инро метавон нишон дод", - изҳор дошт коршинос.
"Донишҷӯ метавонист огоҳӣ диҳад, ман идрорпулӣ мегирам, хобгоҳ дорам, ба ман аз ҳисоби ҷойҳои буҷавӣ ҷой доданд, ман дар яке аз донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунам ва имкони маълумот гирифтан дорам, чунин шонсе, ки ба ман дар ИМА ё Аврупо дода наметавонанд", - гуфт Усубалиев.
Ба гуфтаи коршинос, ҳоло бисёре аз насли ҷавонони имрӯза кӯшиш мекунанд, ки ба Русия раванд ва инро дар мисоли навбатҳо дар "Россотрудничество" метавон дид.
"Ман фикр мекунам, ки аз ҷумла барои Русия хуб мебуд, ки бештар ба сиёсати иттилоотии муосир, ки ҷавонон онро мепазиранд, сармоягузорӣ кунад. Чунки муносибатҳои байни мамлакатҳоямонро дар оянда маҳз ҷавонон ташаккул хоҳанд дод", - зикр намуд таҳлилгард.
Вай таъкид кард, ки ҳар қадаре, ки мо барои тавсифи таҷрибаи мусбӣ, ҳамкориҳоямон, таҷрибаи хуби имкониятҳое, ки ҳоло Русия барои ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фазои Авруосиё фароҳам меорад, сармоягузорӣ кунем, он қадар хуб мешаваду дар оянда ҳама аз ин баҳра хоҳанд бурд.