https://sputnik.tj/20240207/sughd-nikohshavanda-bemor-vnmo-1061589954.html
Дар Суғд 15 никоҳшаванда гирифтори ВНМО ва 25 -и дигар девона баромаданд
Дар Суғд 15 никоҳшаванда гирифтори ВНМО ва 25 -и дигар девона баромаданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояити Суғд ташхиси 567 никоҳшаванда нишон дод, ки онҳо беморанд ва маросими арӯсиро бояд то замони пурра сиҳат наёфтан мавқуф гузоранд
2024-02-07T10:57+0500
2024-02-07T10:57+0500
2024-02-07T16:10+0500
дар тоҷикистон
суғд
вич
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101895/24/1018952402_0:160:3076:1890_1920x0_80_0_0_4c87168e294e1e541feb922a0945537a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Дар вилояти Суғд ташхиси 567 никоҳшаванда нишон дод, ки онҳо беморанд ва маросими арӯсиро бояд то замони пурра сиҳат ёфтан мавқуф гузоранд, хабар дод Раёсати тандурустии вилоят зимни нишасти матбуотӣ.Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҷамъан 41 970 нафар, ки қасди хонадоршавиро доштаанд, аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Манбаъ афзуд, ки аз ин миён, 8 нафар никоҳшаванда гирифтори бемории оташак, 15 нафар гирифтори ВНМО, 436 бемори гепатити В, 83 маризи гепатити С ва 25 нафарашон гирифтори бемории рӯҳӣ будаанд.Дар идома, раёсат аз афзоиш ёфтани теъдоди гирифторони бемории ВНМО дар вилояти Суғд хабар дод.Зикр гардид, ки танҳо соли гузашта 260 ҳодисаи нави дарёфти сирояти ВНМО ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба як соли пеш 31 нафар бештар аст.Манбаъ қайд кардааст, ки асосан гирифторони мубталои ВНМО синну соли аз 30 то 49 соларо дарбар мегирад.Беш аз 80% сироятёфтагон ба бемории ВНМО муҳоҷирон мебошанд, мегӯяд манбаъ.Ҳамзамон зикр гардидааст, ки фавт аз ВМНО дар соли 2023, 58 нафарро ташкил дод.ВНМО (ВИЧ) — ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentiviru) дохил мешавад.Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО вируси аз ҳама зиёд омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.
https://sputnik.tj/20230804/sabti-favt-nafar-vnmo-viloyati-sugd-1058638003.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101895/24/1018952402_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d273d7c251e8f176dc0cecae51068bb9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд внмо
Дар Суғд 15 никоҳшаванда гирифтори ВНМО ва 25 -и дигар девона баромаданд
10:57 07.02.2024 (Навсозишуда: 16:10 07.02.2024) Натиҷаи муоинаи навхонадоршавандаҳо дар баъзе мавридҳо боиси мавқуф мондани ақди никоҳи онҳо мешавад
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Дар вилояти Суғд ташхиси 567 никоҳшаванда нишон дод, ки онҳо беморанд ва маросими арӯсиро бояд то замони пурра сиҳат ёфтан мавқуф гузоранд, хабар дод Раёсати тандурустии вилоят зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҷамъан 41 970 нафар, ки қасди хонадоршавиро доштаанд, аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.
Манбаъ афзуд, ки аз ин миён, 8 нафар никоҳшаванда гирифтори бемории оташак, 15 нафар гирифтори ВНМО, 436 бемори гепатити В, 83 маризи гепатити С ва 25 нафарашон гирифтори бемории рӯҳӣ будаанд.
Дар идома, раёсат аз афзоиш ёфтани теъдоди гирифторони бемории ВНМО дар вилояти Суғд хабар дод.
Зикр гардид, ки танҳо соли гузашта 260 ҳодисаи нави дарёфти сирояти ВНМО ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба як соли пеш 31 нафар бештар аст.
Манбаъ қайд кардааст, ки асосан гирифторони мубталои ВНМО синну соли аз 30 то 49 соларо дарбар мегирад.
Беш аз 80% сироятёфтагон ба бемории ВНМО муҳоҷирон мебошанд, мегӯяд манбаъ.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки фавт аз ВМНО дар соли 2023, 58 нафарро ташкил дод.
ВНМО (ВИЧ) — ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentiviru) дохил мешавад.
Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО вируси аз ҳама зиёд омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.