https://sputnik.tj/20230804/sabti-favt-nafar-vnmo-viloyati-sugd-1058638003.html
Сабти фавти 30 нафар аз ВНМО дар вилояти Суғд
Сабти фавти 30 нафар аз ВНМО дар вилояти Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли кишвар афзоиши теъдоди гирифторон ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сабт шудааст. Шумори зиёди онҳо аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд
2023-08-04T14:41+0500
2023-08-04T14:41+0500
2023-08-04T14:41+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вич
гирифторони вич
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102403/99/1024039988_0:0:1106:622_1920x0_80_0_0_d1109db634d6104011eefd48251e51e9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд дар тӯли шаш моҳи соли равон 150 нафар бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ доданд, масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ.Ба иттилои ин ниҳод ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳодиса зиёд мебошад.Манбаъ қайд кардааст, ки асосан гирифторони мубталои ВНМО синну соли аз 30 то 49 соларо дарбар мегирад.Ҳамзамон зикр гардидааст, ки фавт аз ВМНО дар шаш моҳи соли равон 30 нафарро ташкил додааст. Таъкид шудааст ки аз соли 2001 ҳамагӣ 1044 нафар аз ин беморӣ фавт кардааст.ВНМО (ВИЧ) — ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentiviru) дохил мешавад.Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО вируси аз ҳама зиёд омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.
https://sputnik.tj/20221201/giriftori-vnmo-khatlon-kam-shudast-1053208296.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102403/99/1024039988_139:0:968:622_1920x0_80_0_0_b12bc956e5ee9e456c925338eaa7fb37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, внмо, фавт, шумори, тандурустӣ, вирус
тоҷикистон, суғд, внмо, фавт, шумори, тандурустӣ, вирус
Сабти фавти 30 нафар аз ВНМО дар вилояти Суғд
Дар шимоли кишвар афзоиши теъдоди гирифторон ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) сабт шудааст. Шумори зиёди онҳо аз алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд дар тӯли шаш моҳи соли равон 150 нафар бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ доданд, масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои ин ниҳод ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳодиса зиёд мебошад.
Манбаъ қайд кардааст, ки асосан гирифторони мубталои ВНМО синну соли аз 30 то 49 соларо дарбар мегирад.
“Роҳҳои гузариш дар 94% ҳолат алоқаи ҷинсӣ мебошад. Айни замон 2563 нафар дар қайди марказ мубталоёни ВНМО қарор доранд”, - таъкид карданд масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки фавт аз ВМНО дар шаш моҳи соли равон 30 нафарро ташкил додааст. Таъкид шудааст ки аз соли 2001 ҳамагӣ 1044 нафар аз ин беморӣ фавт кардааст.
ВНМО (ВИЧ) — ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentiviru) дохил мешавад.
Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО вируси аз ҳама зиёд омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.