Шаби Меъроҷ дар соли 2024 кай таҷлил мешавад

Обуна шудан
Дар ин шаб ҳазрати Муҳаммад (с) ба Байтулмуқаддас сафар карда, дар он ҷо бо ду паёмбари дигар намози дастаҷамъона хонд ва ба осмон уруҷ кард
Шаби Меъроҷ яке аз санаҳои асосии сол барои мусалмонони парҳезгор аст.
Тибқи суннати исломӣ, Меъроҷ бояд дар шаби 26 ба 27-уми моҳи Раҷаб таҷлил мешавад. Соли 2024 ин сана ба шаби 7 ба 8 феврал рост меояд.
Маҳз ба шарофати Шаби Меъроҷ суннатҳои зиёди исломӣ ва муносибати мусулмонон ба баъзе амалҳо ба вуҷуд омад.
Дар шаби Меъроҷ бояд Қуръон хонд, намози "Салавот" гузошту ба руҳи поки ҳазрати Муҳаммад (с) бахшид. Ҳамзамон тавбаву пузиши гуноҳ кард, дашному кинаро дур сохту дӯстиро пеша ва ба фақирон кӯмак бояд кард.

Шабу рӯзҳои ҷашнии мусалмонон дар соли 2024
Илова бар ин, аз гуноҳҳо бояд тавба кард, дашном набояд дод ва ба ниёзмандон садақа додан лозим.
Дар ин шаби муборак ба ҳеҷ ваҷҳ набояд машрубот нӯшид, зеро маҳз дар ҳамин шаб ҳазрати Муҳаммад (с) шаробро ҳаром хонду ширро ба ҷои он тавсия дод.
Ин шабро набояд бо ғавғои зиёд, балки бо оромиву хондани китоби муқаддас гузаронид.
Лентаи хабарҳо
0