https://sputnik.tj/20240207/baor-somon-eyr-100-mln-dollar-medihad-1061597278.html
БАОР ба "Сомон Эйр" 100 млн доллар медиҳад
БАОР ба "Сомон Эйр" 100 млн доллар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки АвруОсиёии Рушд қасд дорад, ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" барои харидории ду ҳавопаймо 100 млн доллари ихтисос диҳад.
2024-02-07T17:52+0500
2024-02-07T17:52+0500
2024-02-07T18:55+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
"сомон эйр"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039787872_0:71:1201:746_1920x0_80_0_0_3c94128c626bdbcec4720cce36a38b18.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Бонки АвруОсиёии Рушд қасд дорад, ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" барои харидории ду ҳавопаймо 100 млн доллар ихтисос диҳад.Дар ин бора хадамоти матбуотии ин ниҳоди молиявии минтақавӣ хабар дода, афзуд. ки гап сари харидории ду ҳавопаймои навъи Boeing 737 меравад.Гуфта мешавад, айни замон парвозҳо тариқи хатсайрҳои асосӣ аз ҷониби “Сомон Эйр” бо 6 ҳавопаймои тамғаҳои гуногуни Boeing 737 иҷро карда мешаванд.Қарор аст, ки то соли 2026 ҷуғрофиёи парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" тавассути парвозҳои нав аз Хуҷанд дар соли 2024: ба Ҷидда, Дубай, Урумчӣ ва Истамбул ба роҳ монда шавад.Ҳамчунин соли ҷорӣ парвозҳои нав аз Душанбе самти Анталия, Риёз, Шарм-уш-Шайх бояд роҳандозӣ шаванд.Илова бар ин, соли 2025 парвозҳо ба Сеул, Франкфурт, Амстердам, Гуанчжоу, Тбилиси, Машхад, Париж, Бангкок ва соли 2026 ба Ню-Йорк, Лондон, Пекин, Мадрид, Вена, Тель-Авив, Киев, Милан, Торонто, Варшава пиёда хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20240112/oghoz-parvozho-somon-eyr-khujand-dubay-jidda-istambul-1061254435.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039787872_0:0:1067:800_1920x0_80_0_0_507f1666c9250207f3372ef089aecb4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баор "сомон эйр"
БАОР ба "Сомон Эйр" 100 млн доллар медиҳад
17:52 07.02.2024 (Навсозишуда: 18:55 07.02.2024) Қарор аст то соли 2026 парвозҳо аз Хуҷанд ба 4 давлат ва аз шаҳри Душанбе ба 21 кишвари дигар роҳандозӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Бонки АвруОсиёии Рушд қасд дорад, ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" барои харидории ду ҳавопаймо 100 млн доллар ихтисос диҳад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии ин ниҳоди молиявии минтақавӣ хабар дода, афзуд. ки гап сари харидории ду ҳавопаймои навъи Boeing 737 меравад.
"Мувофиқи нақшаи ширкати ҳавопаймоӣ оид ба зиёд кардани парки авиатсионӣ, ду навъи ҳавопаймои зикршуда бояд соли 2024 харида шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, айни замон парвозҳо тариқи хатсайрҳои асосӣ аз ҷониби “Сомон Эйр” бо 6 ҳавопаймои тамғаҳои гуногуни Boeing 737 иҷро карда мешаванд.
Қарор аст, ки то соли 2026 ҷуғрофиёи парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" тавассути парвозҳои нав аз Хуҷанд дар соли 2024: ба Ҷидда, Дубай, Урумчӣ ва Истамбул ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин соли ҷорӣ парвозҳои нав аз Душанбе самти Анталия, Риёз, Шарм-уш-Шайх бояд роҳандозӣ шаванд.
Илова бар ин, соли 2025 парвозҳо ба Сеул, Франкфурт, Амстердам, Гуанчжоу, Тбилиси, Машхад, Париж, Бангкок ва соли 2026 ба Ню-Йорк, Лондон, Пекин, Мадрид, Вена, Тель-Авив, Киев, Милан, Торонто, Варшава пиёда хоҳанд шуд.