https://sputnik.tj/20240112/oghoz-parvozho-somon-eyr-khujand-dubay-jidda-istambul-1061254435.html
Оғози парвозҳои Ширкати "Сомон Эйр" аз Хуҷанд ба самти Дубай, Ҷидда, ва Истамбул
Оғози парвозҳои Ширкати "Сомон Эйр" аз Хуҷанд ба самти Дубай, Ҷидда, ва Истамбул
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" шурӯъ аз 4 феврал аз фурудгоҳи Хуҷанд ба самти самти Дубай, Ҷидда, ва Истамбул роҳандозӣ хоҳад кард
2024-01-12T10:59+0500
2024-01-12T10:59+0500
2024-01-12T12:11+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
сомон эйр
дубай
ҷидда
истанбул
парвозҳо
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133908_0:137:3072:1865_1920x0_80_0_0_229b0bc7181e235473aec2773499d22d.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Иҷрои парвозҳои байналмилалии мустақим дар хатсайрҳои Хуҷанд-Дубай-Хуҷанд, Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд ва Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд аз сӯи ширкати ҳавоии “Сомон эйр” ба роҳ монда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкат.Ба иттилои манбаъ, парвозҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Дубай аз санаи 4-уми феврали соли ҷорӣ ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ба нақша гирифта шудаанд.Инчунин ба иттилои ҳамин манбаъ, аз 6-уми феврал парвозҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд.Дар ҳамин ҳол, парвози нахустин дар масири Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд санаи 7-уми март сурат мегирад. Парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе амалӣ мегарданд.Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз санаи 22-юми январ парвозҳоро аз Душанбе ба Алмаато ҳафтае се маротиба - рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе иҷро хоҳад кард.Ҳамчунин, аз санаи 24-уми январ Сомон Эйр шумораи парвозҳоро аз Душанбе ба Тошканд то се парвоз дар як ҳафта зиёд менамояд.Ба ин тариқ, парвозҳо ба Тошканд рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.Қайд карда шудааст, ки кулли парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегарданд.Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ҳоли ҳозир парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
https://sputnik.tj/20230808/somon-eyr-parvoz-zhukovskiy-ehyo-1058704362.html
хуҷанд
дубай
ҷидда
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133908_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_9fdfa05a911333161666e5f7ab90f528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парвоз, сомон эйр, ширкатҳои ҳавоӣ, дубай, ҷидда, истанбул, фурудгоҳ, хуҷанд
тоҷикистон, парвоз, сомон эйр, ширкатҳои ҳавоӣ, дубай, ҷидда, истанбул, фурудгоҳ, хуҷанд
Оғози парвозҳои Ширкати "Сомон Эйр" аз Хуҷанд ба самти Дубай, Ҷидда, ва Истамбул
10:59 12.01.2024 (Навсозишуда: 12:11 12.01.2024) Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" шурӯъ аз 4 феврал аз фурудгоҳи Хуҷанд ба самти самти Дубай, Ҷидда, ва Истамбул роҳандозӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Иҷрои парвозҳои байналмилалии мустақим дар хатсайрҳои Хуҷанд-Дубай-Хуҷанд, Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд ва Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд аз сӯи ширкати ҳавоии “Сомон эйр” ба роҳ монда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкат.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Дубай аз санаи 4-уми феврали соли ҷорӣ ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ба нақша гирифта шудаанд.
Инчунин ба иттилои ҳамин манбаъ, аз 6-уми феврал парвозҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, парвози нахустин дар масири Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд санаи 7-уми март сурат мегирад. Парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе амалӣ мегарданд.
Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз санаи 22-юми январ парвозҳоро аз Душанбе ба Алмаато ҳафтае се маротиба - рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе иҷро хоҳад кард.
Ҳамчунин, аз санаи 24-уми январ Сомон Эйр шумораи парвозҳоро аз Душанбе ба Тошканд то се парвоз дар як ҳафта зиёд менамояд.
Ба ин тариқ, парвозҳо ба Тошканд рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.
Қайд карда шудааст, ки кулли парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегарданд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ҳоли ҳозир парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.