https://sputnik.tj/20240206/somoni-garon-dollar-evro-poin-bozor-arz-tojikiston-1061575176.html
Сомонӣ гарону доллару евро ва рубл поин рафт: бозори арз дар Тоҷикистон
Сомонӣ гарону доллару евро ва рубл поин рафт: бозори арз дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби асъорҳои маъмул-рубли русӣ, доллар ва евро дар баробари пули миллӣ - сомонӣ устувории худро каме аз даст додаанд
2024-02-06T09:42+0500
2024-02-06T09:42+0500
2024-02-06T11:18+0500
қурби асъор
дар тоҷикистон
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031863597_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_5a71155b93c606ec4bc294de43abc990.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари асъори мухталифи ҷаҳон эълом кард.Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ боз поин рафта, то 120,1 сомонӣ барои 1000 рубл расид.Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ 120,7 ва сомонӣ қимат дошт, ки нисбат ба нишондиҳандаи охири моҳи январ ҳудуди чаҳор сомонӣ кармтар аст.Қурби доллар доллар низ пас аз гаронии тадриҷӣ коҳиш ёфт. Ҳамин тавр, як рӯз пеш як долларро имкон дошт ба 10,9589 сомонӣ ва ҳоло 10,9536 сомонӣ харид.Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли поинравӣ пайдо кардааст.Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.8830 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки як рӯз пеш он 11.7617 сомонӣ қимат дошт.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9536 то 10.9600 сомонӣ, 1 евро аз 11.7817 то 11.8500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 120,1 то 122 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20240203/kishvarho-iiao-hisobbarobarkuni-pul-milli-1061541503.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031863597_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_950c55439e0372694df79342226d60ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сомонӣ гарон доллар евро рубл поин бозор арз тоҷикистон
сомонӣ гарон доллар евро рубл поин бозор арз тоҷикистон
Сомонӣ гарону доллару евро ва рубл поин рафт: бозори арз дар Тоҷикистон
09:42 06.02.2024 (Навсозишуда: 11:18 06.02.2024) Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби асъори маъмул-рубли русӣ, доллар ва евро дар баробари пули миллӣ - сомонӣ устувории худро каме аз даст додаанд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари асъори мухталифи ҷаҳон эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ боз поин рафта, то 120,1 сомонӣ барои 1000 рубл расид.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ 120,7 ва сомонӣ қимат дошт, ки нисбат ба нишондиҳандаи охири моҳи январ ҳудуди чаҳор сомонӣ кармтар аст.
Қурби доллар доллар низ пас аз гаронии тадриҷӣ коҳиш ёфт. Ҳамин тавр, як рӯз пеш як долларро имкон дошт ба 10,9589 сомонӣ ва ҳоло 10,9536 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли поинравӣ пайдо кардааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.8830 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки як рӯз пеш он 11.7617 сомонӣ қимат дошт.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9536 то 10.9600 сомонӣ, 1 евро аз 11.7817 то 11.8500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 120,1 то 122 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.