https://sputnik.tj/20240122/ukraina-zelenskiy-samt-nodurust-klichko-1061355176.html
Украина бо Зеленский ба самти нодуруст равона аст - Кличко
Украина бо Зеленский ба самти нодуруст равона аст - Кличко
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Киев аз сиёсати кишвардори феълии Украина норизо буда, изҳор доштааст, ки нигаронии худро ба сафирони кишварҳои ғарбӣ ҳам баён намудааст
2024-01-22T14:36+0500
2024-01-22T14:36+0500
2024-01-22T16:32+0500
дар ҷаҳон
украина
владимир зеленский
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103015/37/1030153772_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_80139ed4f08b0c0e15e9848413862390.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Украина ба самти нодуруст ҳаракат карда, торафт худкома шуда истодааст. Дар ин бора мири Киев Виталий Кличко ба Canadian Globe and Mail изҳор доштааст.Ӯ қайд кард, ки мунаққидони Владимир Зеленский "таҳти фишор" қарор доранд. Ба гуфтаи Кличко, дар паси ин “ҳаваси баъзеҳо” барои “ҳама чиз мутамарказ” меистад."Раисони шаҳр ва раисони ҷамоатҳоро шаҳрвандон интихоб мекунанд ва ба ҷои онҳо нафароне, ки аз боло таъин шудаанд, иваз мешаванд", - шикоят кард сиёсатмадор. Кличко афзуд, ки ӯ дар суҳбат бо сафирони кишварҳои ғарбӣ дар Украина нигарониҳои худро баён кард ва дар посух ба суол, ки оё бархе аз онҳо ба нигарониҳои ӯ шарик ҳастанд, посухи мусбат додааст. Шаҳрдори Киев борҳо Зеленскийро танқид карда буд. Дар мусоҳиба бо портали швейтсарии 20 Minuten, ӯ гуфт, ки аз поин рафтани рейтинги президент ҳайрон нест ва бовар дорад, ки ҳамаи ин натиҷаи хатогиҳояш мебошад.Ба гуфтаи Кличко, дар натиҷаи амалҳои Зеленский, дар кишвар амалан ягон ниҳоди мустақили қудрат боқӣ намондааст ва он ба сӯи авторитаризм ҳаракат мекунад, ки дар он “ҳама чиз аз рӯҳияи як шахс вобаста аст”.
https://sputnik.tj/20240107/zelenskiy-zaif-khasta-gholib-1061182715.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103015/37/1030153772_316:0:2973:1993_1920x0_80_0_0_91a4068aa5f8610546dc33d50a97c67b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина зеленский кличко
Украина бо Зеленский ба самти нодуруст равона аст - Кличко
14:36 22.01.2024 (Навсозишуда: 16:32 22.01.2024) Раиси шаҳри Киев аз сиёсати кишвардори феълии Украина норизо буда, изҳор доштааст, ки нигаронии худро ба сафирони кишварҳои ғарбӣ ҳам баён намудааст
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Украина ба самти нодуруст ҳаракат карда, торафт худкома шуда истодааст. Дар ин бора мири Киев Виталий Кличко ба Canadian Globe and Mail изҳор доштааст.
Ӯ қайд кард, ки мунаққидони Владимир Зеленский "таҳти фишор" қарор доранд.
"Он чизеро, ки мо ҳоло мебинем, ман наметавонам демократия гӯям. Аз он бӯи авторитаризм меояд", - гуфт Кличко.
Ба гуфтаи Кличко, дар паси ин “ҳаваси баъзеҳо” барои “ҳама чиз мутамарказ” меистад.
"Раисони шаҳр ва раисони ҷамоатҳоро шаҳрвандон интихоб мекунанд ва ба ҷои онҳо нафароне, ки аз боло таъин шудаанд, иваз мешаванд", - шикоят кард сиёсатмадор.
Кличко афзуд, ки ӯ дар суҳбат бо сафирони кишварҳои ғарбӣ дар Украина нигарониҳои худро баён кард ва дар посух ба суол, ки оё бархе аз онҳо ба нигарониҳои ӯ шарик ҳастанд, посухи мусбат додааст.
Шаҳрдори Киев борҳо Зеленскийро танқид карда буд. Дар мусоҳиба бо портали швейтсарии 20 Minuten, ӯ гуфт, ки аз поин рафтани рейтинги президент ҳайрон нест ва бовар дорад, ки ҳамаи ин натиҷаи хатогиҳояш мебошад.
Ба гуфтаи Кличко, дар натиҷаи амалҳои Зеленский, дар кишвар амалан ягон ниҳоди мустақили қудрат боқӣ намондааст ва он ба сӯи авторитаризм ҳаракат мекунад, ки дар он “ҳама чиз аз рӯҳияи як шахс вобаста аст”.