Мушкили “дозвол” ҳал мешавад: Аҳмадзода гуфт қазияро ба сарвазиру вазири нақлиёт расонд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкФуры в очереди на проезд
Фуры в очереди на проезд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи раҳбари вилоят, феълан рухсатнома ё худ “дозвол”-ро ширкатҳо дастрас мекунанд ва баъзе ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҳам ошкор шудаст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вазъияти болоравии арзиши рухсатномаи нақли бор бо Ӯзбекистон ва норозигии ронандагони тоҷикистониро шарҳ дод.
Ӯ зимни нишасти хабарияш ба рӯзноманирон гуфт, ки мушкили марбут ба рухсатномаи ё худ “дозвол” ба зудӣ ҳал мешавад.
Ахиран дар Тоҷикистон арзиши рухсатномаи нақли бор бо Ӯзбекистон ду баробар зиёд шуда, ба 130 доллар дакка задааст, ки даҳҳо мошини калони боркаш ба далели ин гаронӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод – Ойбек" дар сарҳади Тоҷикистон дармондаанд.

Раиси вилоят гуфт, ки комиссияи вижа аз марз боздид карда, барои ҳалли мушкили маблағи рухсатнома ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки пардохти он ғайринақдӣ амалӣ сурат гирад.

Ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода, феълан рухсатнома ё худ “дозвол”-ро ширкатҳо дастрас мекунанд ва баъзе ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҳам ошкор шудаст.
Ӯ афзуд, ки феълан Вазорати нақлиёт барои ҳалли ин масъала корбарӣ мекунад.

Ҳамчунин ба раиси Комиссияи байниҳукуматӣ бо Ӯзбекистон, сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода низ муроҷиат шудаст, ки ин мушкилро баррасӣ кунанд ва ояндаи наздик ҳалли худро меёбад, афзуд раиси Суғд.
Ронандаҳои мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз болоравии нархи рухсатномаи анҷоми амалиёти ҳамлу нақли байналмилалӣ шикоят доранд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
Шикояти ронандаҳои тоҷик аз гароншавии нархи санади боркашонӣ ба Ӯзбекистон
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба гузаргоҳи Фотеҳобод ба ноҳияи Масчоҳ рафт ва вазъи баамаломадаро аз ронандаҳо пурсид, онҳо вазъро чунин нархгузорӣ барои онҳо зиёнбор аст.
Рухсатномаи ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳа ба ширкатҳои нақлиётӣ дода мешавад, ки онҳо навбати худ ба ронандагон мефурӯшанд. Санади мазкур бо шарикони тиҷоратӣ мувофиқа мешавад.
Баҳсҳо сари нархи ин санад ду сол қабл низ буд, ки якбора то садҳо доллар гарон шуда буд, аммо масъулини нақлиёт изҳор дошта буданд, ки нархи расмии он камтар аз 10 доллар мебошад ва бо чунин нарх ба ширкатҳои нақлиётӣ он дода мешавад. Ронандаҳо аз мақомот мехоҳанд ба мушкил расидагӣ кунанду тартиботу нархи расмиро ҷорӣ созанд.
Лентаи хабарҳо
0