Зиёд шуд: Агентии нафақа гуфт, Тоҷикистон чӣ қадар бознишаста дорад

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские пенсионеры, архивное фото
Таджикские пенсионеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
Обуна шудан
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, талаботи моҳонаи нафақа дар ҷумҳурӣ дар як моҳ ба 308,7 млн сомонӣ баробар аст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 шумораи умумии нафақагирон дар Тоҷикистон 796 ҳазор нафар баробар шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, сафи нафақагирон дар ҷумҳурӣ соли 2023 ба 32756 нафар ва ё 4,3% зиёд гардидааст.
"Талаботи нафақа дар як моҳ бо ҳисоби миёна 308,7 млн сомониро ташкил дода, афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта ба маблағи 51,2 млн сомонӣ ё 19,9% зиёд аст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар ҷумҳурӣ аз шумораи умумии нафақагирон 162 842 нафарро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо 3,7 ҳазор нафар зиёд гардидааст.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ, таъкид намуд, ки барои пардохти нафақа ба нафақагирони дорои маъюбият дар як моҳ наздики 60,5 млн сомонӣ равона мегардад.
Ҳаҷми миёнаи нафақаи маъюбон дар ҷумҳурӣ ба 371,62 сомонӣ баробар мебошад, афзуд ин ниҳод.
Қобили зикр аст, ки барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо дар соли 2022 ҷудо кардани беш аз 3 млрду 285,2 млн сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон фармонеро имзо кард, ки бар асоси он соли равон ҳаҷми нафақапулӣ зиёд карда мешавад.
Бар асоси фармон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30% аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2024
Президент қарори боло бурдани маошу нафақаро имзо кард: Аз кӣ чӣ қадар зиёд мешавад?
Қаблан вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2023-ро баррасӣ ва қабул карданд.
Тибқи лоиҳа қисмати даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2024 қариб 43 млрд сомонӣ, қисми хароҷот 44,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Даромади буҷети соли оянда нисбат ба соли 2022 12,3% ё 4,1 миллиард сомонӣ зиёд пешбинӣ шудаас.
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2023 5,9 млрд сомонӣ ё 15,9% зиёд мебошад
Лентаи хабарҳо
0