https://sputnik.tj/20240205/sodirot-ziyod-pul-tijorat-khoriji-mahsulot-tojikiston-mushkil-1061570667.html
“Содирот зиёд, пул кам”: тиҷорати хориҷии маҳсулоти Тоҷикистон чӣ мушкил дорад?
“Содирот зиёд, пул кам”: тиҷорати хориҷии маҳсулоти Тоҷикистон чӣ мушкил дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Харидорони асосии молу маҳсулот аз Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 93% ба онҳо рост меояд ва боқимонда ба давлатҳои хориҷи дур
2024-02-05T19:03+0500
2024-02-05T19:03+0500
2024-02-20T19:03+0500
дар тоҷикистон
содироти мева
пахта
вазорати кишоварзӣ
қурбон ҳакимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_314:415:3217:2048_1920x0_80_0_0_f30b8c5865bc2cbe0539068c5a9e25b4.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев - Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши маҳсулоти кишоварӣ дар соли гузашта хабар дод. Аммо маблағе, ки аз ҳисоби содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба даст омадааст, коҳиш ёфтааст. Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар робита бо содироти маводи кишоварзӣ гуфт, содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра маблағи 246,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллион доллар ё 0,9% кам шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, содироти пахтаи Тоҷикистон дар соли 2023 ба 109 ҳазору 258,1 тон ба маблағи беш аз 198,5 млн доллар расидааст. Ин нишондод соли 2022 81 ҳазору 38, 5 тон ба маблағи зиёда аз 194,6 млн доллар буд. Ба ҳисоби миёна соли 2022 Тоҷикистон нахи пахтаашро 2,4 ҳазор доллар ва соли 2023, 1,8 ҳазор доллар сари тон фурӯхтааст. Аз ин хотир, ҳарчанд 28,2 ҳазор тон содироти нахи пахта зиёд шудааст, аммо фарқияти маблағ 3,9 миллион долларро ташкил мекунад.Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2023 ба 287 ҳазор тон расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 14,7 ҳазор тон ё 5,4% зиёд аст. Дар ҳаҷми умумии содирот нахи пахта 109,2 ҳазор тон (38%), сабзавот 60,7 ҳазор тон, аз ҷумла пиёз 59,7 ҳазор тон (20,8%), меваҷот 27,7 ҳазор тон (9,6%), аз ҷумла ангур 9,9 ҳазор тон (3,4%), меваи хушк 83,3 ҳазор тон (29%) ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 5,9 ҳазор тон (2,1%) – ро ташкил медиҳад. Маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 22 хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки дар он 93,1% ба давлатҳои ИДМ ва 6,9% ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
https://sputnik.tj/20240130/yak-milliard-afzud--tijorat-khoriji-tojikiston-raqamho-1061476655.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_351:0:3082:2048_1920x0_80_0_0_34664b4173282c0d1ba50673e30d25c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, содироти мева, пахта, вазорати кишоварзӣ, қурбон ҳакимзода
дар тоҷикистон, содироти мева, пахта, вазорати кишоварзӣ, қурбон ҳакимзода
“Содирот зиёд, пул кам”: тиҷорати хориҷии маҳсулоти Тоҷикистон чӣ мушкил дорад?
19:03 05.02.2024 (Навсозишуда: 19:03 20.02.2024) Харидорони асосии молу маҳсулот аз Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд, ки 93% ба онҳо рост меояд ва боқимонда ба давлатҳои хориҷи дур
ДУШАНБЕ, 5 фев - Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши маҳсулоти кишоварӣ дар соли гузашта хабар дод. Аммо маблағе, ки аз ҳисоби содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба даст омадааст, коҳиш ёфтааст.
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар робита бо содироти маводи кишоварзӣ гуфт, содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра маблағи 246,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллион доллар ё 0,9% кам шудааст.
“Агар далели афзоиши ҳаҷми содирот ба афзудани истеҳсоли маҳсулот рабт гирад, сабаби коҳиши маблағи содирот ба авомили дигар вобаста аст. Қабл аз ҳама, коҳиши нархи маҳсулот, бахусус, пахта дар бозори ҷаҳонӣ аст. Бозӣ кардани қурби пул ҳам нақши худро дорад”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Тибқи иттилои расмӣ, содироти пахтаи Тоҷикистон дар соли 2023 ба 109 ҳазору 258,1 тон ба маблағи беш аз 198,5 млн доллар расидааст. Ин нишондод соли 2022 81 ҳазору 38, 5 тон ба маблағи зиёда аз 194,6 млн доллар буд.
Ба ҳисоби миёна соли 2022 Тоҷикистон нахи пахтаашро 2,4 ҳазор доллар ва соли 2023, 1,8 ҳазор доллар сари тон фурӯхтааст. Аз ин хотир, ҳарчанд 28,2 ҳазор тон содироти нахи пахта зиёд шудааст, аммо фарқияти маблағ 3,9 миллион долларро ташкил мекунад.
Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2023 ба 287 ҳазор тон расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 14,7 ҳазор тон ё 5,4% зиёд аст.
Дар ҳаҷми умумии содирот нахи пахта 109,2 ҳазор тон (38%), сабзавот 60,7 ҳазор тон, аз ҷумла пиёз 59,7 ҳазор тон (20,8%), меваҷот 27,7 ҳазор тон (9,6%), аз ҷумла ангур 9,9 ҳазор тон (3,4%), меваи хушк 83,3 ҳазор тон (29%) ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 5,9 ҳазор тон (2,1%) – ро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 22 хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки дар он 93,1% ба давлатҳои ИДМ ва 6,9% ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.