Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Муҳриддин: Ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Қирғизистон, авлавияти сиёсати Душанбест

© SputnikГлавы МИД Таджикистана и Кыргызстана
Главы МИД Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2024
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, ки бо сафари расмии дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, барои пазироии хуб дар Душанбе изҳори сипос намуд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Душанбе ва Бишкек барои таҳкими муносибатҳои дӯстона саъй мекунанд, таъкид намуданд вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоевро дар Душанбе гарм истиқбол гирифта, омодагиро барои баррасии доираи васеи масоили дуҷонибаю бисёрҷониба баён дошт.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, тавсеа ва таҳкими равобити дӯстона бо ҳамсояҳо аз авлавияти сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад ва махсусан бо давлатҳое, ки марзи муштарак дорад.
"Бовар дорам, ки мо бо шумо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳем кард", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин дар хитоб ба меҳмон.
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷээнбек Кулубоев барои даъвату пазироӣ изҳори сипос карда, азми кишвараш барои таҳкими ҳамкориҳоро баён дошт.
Интизор меравад, ки дар чорчӯби ин сафар Қулубоевро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2024
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти шашрӯзаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд поён ёфт: тафсилот
Феълан аз масоили калидӣ миёни ду кишвар сарҳадот мебошад, ки муайянсозии он бо талоши ду ҷониб вусъат ёфта истодааст.
Бар асоси иттилои ахир, Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 км марзи муштарак доранд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 90% ё ҳудуди 875 километри хатти сарҳадӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътироф шудааст. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.
Лентаи хабарҳо
0