Мирзозода гуфт, қимати як метри квадратӣ манзил дар Тоҷикистон чанд пул аст

© Sputnik / Амир ИсаевНовостройка у площади Садбарг, архивное фото
Новостройка у площади Садбарг, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2024
Обуна шудан
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки чӣ қадар манзилҳои истиқоматӣ дар соли сипаришуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Соли 2023 дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ камтар шудааст.
Ба иттилои раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода, дар ин муддат дар кишвар ба масоҳати умумии 1 млну 737 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ӯ зимни нишасти хабарияш гуфт, ки ин ниҳондиҳанда нисбат ба соли 2022 2,1% зиёд мебошад.
Нархи миёнаи манзили истиқоматӣ дар Душанбе ба гуфти ва $743 барои як метри мураббаъ мебошад.
Раиси ин идора гуфт, нархи манзил дар берун аз пойтахт арзонтар аст.
Нархи миёна дар кишвар тақрибан 440 доллар барои як метри мураббаъро ташкил медиҳад, афзуд манбаъ.
Новостройки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2023
Садҳо ҳазор метри мураббаъ: Ҳукумати Душанбе аз суръати сохтмони манзил хабар дод
Бар асоси омори додаи Мирзозода, дар ин муддат инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 19 миллиарду 859 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2022 22,5% зиёд истифода шудааст.
"Моҳҳои январ-декабри соли 2023 фондҳои асосӣ ба маблағи 5 миллиарду 864 миллиону 100 ҳазор сомонӣ (нисбати соли 2022 8% зиёд) ба кор андохта шуданд", - гуфт, раиси Кумита.
Таъкид шудааст, ки иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ наздики 18 млрд сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022 27,7% зиёд аст.
Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии Кумита дар соли 2023 ба маблағи беш аз 37 миллион сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 104 фоизи соли гузаштаро ташкил намуд.
Лентаи хабарҳо
0