https://sputnik.tj/20240205/hukumati-qazoqiston-ba-istefo-raft-1061570948.html
Ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт
Ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт
Sputnik Тоҷикистон
Қосимҷомарт Тоқаев ба аъзои ҳукуматаш дастур додааст, ки то замони тасдиқи ҳайати нав ба иҷрои вазифаҳои худ идома диҳанд
2024-02-05T17:25+0500
2024-02-05T17:25+0500
2024-02-05T17:25+0500
қазоқистон
қосим -жомарт тоқаев
сиёсат
ҳукумат
истеъфо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/10/1061303898_0:0:2112:1188_1920x0_80_0_0_30b3557a2e6e955b950678fcd4acb4d4.png
ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев истеъфои ҳукумати ин кишварро пазируфт. Дар ин бора дафтари матбуоти ӯ гузориш медиҳад.Қайд мешавад, ки фармони дахлдорро дар ин бора раисҷумҳури кишвар имзо кардааст.Ин дар асоси моддаи 70-уми Сарқонуни Қазоқистон сурат гирифт. Ҳамакнун иҷрои вазифаҳои роҳбари Девони вазирон ба зиммаи муовини аввали сарвазир Роман Скляр гузошта шудааст.Ғайр аз ин Тоқаев ба аъзои ҳукумат дастур дод, ки то тасвиби ҳайати нави кобина ба иҷрои вазифаҳои худ идома диҳанд.Аз январи соли 2022 ҳукумати Қазоқистонро Алихон Смаилов раҳбарӣ мекунад. Скляр то имрӯз дар вазифаи ҷонишини якуми сарвазир буд. Ахиран хадамоти матбуотии Тоқаев хабар дод, ки президент 7 феврал ҷаласаи васеи ҳукумат баргузор мекунад, ки иштирокчиёни он рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро барои соли 2023 ҷамъбаст намуда, вазифаҳои асосиро муайян мекунанд.
https://sputnik.tj/20240125/toqaev-tojikiston-meravad-elon-safar-1061399353.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/10/1061303898_264:0:1848:1188_1920x0_80_0_0_b72b992b2059005912588e7075483b12.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумати қазоқистон истеъфо тоқаев
ҳукумати қазоқистон истеъфо тоқаев
Ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт
Қосимҷомарт Тоқаев ба аъзои ҳукуматаш дастур додааст, ки то замони тасдиқи ҳайати нав ба иҷрои вазифаҳои худ идома диҳанд
ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев истеъфои ҳукумати ин кишварро пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти ӯ гузориш медиҳад.
Қайд мешавад, ки фармони дахлдорро дар ин бора раисҷумҳури кишвар имзо кардааст.
Ин дар асоси моддаи 70-уми Сарқонуни Қазоқистон сурат гирифт. Ҳамакнун иҷрои вазифаҳои роҳбари Девони вазирон ба зиммаи муовини аввали сарвазир Роман Скляр гузошта шудааст.
Ғайр аз ин Тоқаев ба аъзои ҳукумат дастур дод, ки то тасвиби ҳайати нави кобина ба иҷрои вазифаҳои худ идома диҳанд.
Аз январи соли 2022 ҳукумати Қазоқистонро Алихон Смаилов раҳбарӣ мекунад. Скляр то имрӯз дар вазифаи ҷонишини якуми сарвазир буд.
Ахиран хадамоти матбуотии Тоқаев хабар дод, ки президент 7 феврал ҷаласаи васеи ҳукумат баргузор мекунад, ки иштирокчиёни он рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро барои соли 2023 ҷамъбаст намуда, вазифаҳои асосиро муайян мекунанд.